Толеъномаи 11-уми апрели соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи бобарорест барои амалӣ сохтани нақшаву ниятҳо, сафару саёҳат, истироҳату фароғат ва кӯчидан ба манзили нав. Орзуҳои деринаатон ҷомаи амал мепӯшанд. Дӯстону ҳамфикрон ба шумо кӯмаки бебаҳо медиҳанд. Вохӯриҳои нави ошиқона бобарор анҷом меёбанд, вале ба саросемагӣ роҳ надиҳед.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз вазъи молиявии худро беҳтар мегардонед. Хариди ҷавоҳирот, чизҳои қимматбаҳо ва ҷиҳози хона бобарор анҷом меёбад. Баъди нисфирӯзӣ каме нотоб гаштанатон аз эҳтимол дур нест. Оббозӣ кардан ба тану ҷонатон нерӯ мебахшад. Барои муносибатҳои ошиқона рӯзи чандон бобарор нест.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи мусоид аст. Нерӯятон дучанд гашта, танҳо ба шарте муваффақ мегардед, ки имкониятҳои худро дуруст истифода карда тавонед. Ба коре, ки аз ӯҳдааш намебароед, даст зада, обрӯятонро мерезонеду хандахариши мардум мегардед. Аз баҳсу мунозира бо нафароне, ки дӯст медоред, худдорӣ намоед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз ба дӯстону шиносҳои худ хубтар диққат диҳед. Ҳодисаи ногуворе рух медиҳад, ки оқибати ногувор ба бор меорад. Муносибатҳоятон бо нафаре, ки дӯсташ медоред, аз сабру таҳаммул ва дурандешии шумо вобастагӣ дорад. Ба роҳи фитнаву иғво қадам нагузоред, вагарна обрӯятонро мерезонед. 

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз дар муҳити орому танҳоӣ нақшаву ниятҳои худро ба тартиб дароред. Нисбати калонсолони оилаатон шубҳаву гумони бадро ба дил роҳ надиҳед. Андешаи он ки ба ҳаёти шахсии шумо дахолат карда, озодиятонро маҳдуд кардан мехоҳанд, ғалат аст. Баъди нисфирӯзӣ нофаҳмиҳои рухдода рафъ мегарданд.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Бо вуҷуди он ки наздикон аз шумо талаби зиёд мекунанд, ба ҳеҷ ваҷҳ асабӣ нашавед. Дар сари қаҳр ба ягон қарори дуруст омада наметавонед. Баъзеҳо сунбулаҳо гирифтори рӯҳафтодагӣ мегарданд. Худро ба даст гирифта, рӯҳатонро болида гиред, вагарна ба саломатиятон зарари манфӣ мерасад.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи бобарор аст. Камбудии ягона дар он аст, ки сахт хаста гашта, бемадориро ҳис мекунед. Аз чунин ҳолати худ ба ташвиш наафтед. Бештар истироҳат кунед ва бо корҳои вазнини ҷисмонӣ худро бештар хаста нагардонед. Вохӯрии хотирмон ва муносибатҳои ошиқона дергоҳ дар хотиратон нақш мебанданд.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Айни замон ягон ҳодисаи муҳим рух намедиҳад. Корҳои ҳаррӯзаи худро бе мушкилӣ ба сомон мерасонед. Аз ҷониби наздикон дар ин рӯз дастгирӣ кафолат дода мешавад. Тамоми нерӯи худро барои анҷом додани корҳои фоиданок равона созед. Амали неки имрӯз кардаатон дар оянда ба шумо некӣ хоҳад овард.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ҳаёти шахсиятон тағйиротҳои мусбӣ рух медиҳанд. Албатта, барои беҳтар шудани муносибатҳоятон нақши шумо созанда аст. Ба нафароне, ки ба кӯмаки шумо ниёз доранд, ҷавоби рад надиҳед. Кори хайр бе натиҷа намемонад, натиҷаи саховатмандиятонро мебинед. Тамоми нобарориҳоро оромона қабул кунед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз рӯҳатон болида ва нерӯятон дучанд мегардад. Худатон нафаҳмида, яке аз дӯстони наздикатонро сахт меранҷонед. Дар ҳаёти шахсиятон воқеаҳои аҷиб рух медиҳанд, вале корҳои муҳим ё хабарҳои ногаҳонӣ боиси он мегарданд, ки дӯстдоштаи худро муваққатан фаромӯш созед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Рӯзи душвор аст. Кори зиёд ба дӯшатон бор гардад ҳам, худро хеле хуб ҳис мекунед. Муносибати яке аз наздикон ё хешовандон бо шумо бад шуда метавонад. Атрофиён мақсаду мароми шуморо нодуруст қабул намуда, меранҷанд. Хоби дидаатон амалӣ мегардад. Рӯзи хубест барои муносибатҳои ошиқона.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Давраи санҷишу имтиҳон хотима меёбад ва барор дубора ҳамсафари шумо мегардад. Рӯзи хубест барои истироҳат ва рафъи хастагиву асабоният. Бо шахси бароятон наздик дарди дил намуда, сабукиро эҳсос мекунед. Ба нафароне, ки мошин меронанд, дар роҳ бодиққат буданро маслиҳат медиҳем.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *