Толеъномаи 11-уми январи соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ба пул сахт эҳтиёҷ пайдо мекунед. Бегонаҳоро аз нияту нақшаҳои худ огоҳ насозед ва сергапӣ накунед, вагарна ба худатон зарар мерасонед. Ба саломатии худ бодиққат бошед. Агар нишонаҳои шамолкашӣ ва зукомро ҳис кунед, истеъмоли витаминро сар кунеду аз шамол хӯрдан эҳтиёт шавед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Хатари хурӯҷ намудани бемориҳои музмин вуҷуд дорад, аз ин рӯ, худро хаста накунеду ба корҳои хатарнок роҳ надиҳед. Аз ҳад зиёд ба эҳсосот дода нашавед, вагарна ба муноқишаву ноумедӣ гирифтор мешавед. Ҳангоми кор бо ашёҳои нӯштез ва асбобҳои барқӣ аз ҷароҳат бардоштан ҳушёр шавед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи бебарор аст, хусусан, барои мардон. Аз саҳарӣ нофаҳмиву низоъ пеш меояд. Хабарҳои нохуши вобаста бо наздикон ё нобарорӣ дар касбу коратон имкон дорад. Имкони сарф кардани пул вуҷуд дорад. Дар ин рӯз аз нӯшокиҳои спиртӣ ва мулоқоти ошиқона худдорӣ намуда, ба роҳи фиреб наравед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи бебарор аст. Ӯҳдадориҳои худро ба дӯши дигарон бор накунеду аз тақдири бадатон шиква накунед. Мушкилиҳои баногаҳ пайдошудаи ошиқонаро рафъ карда наметавонед, вале маблағи хуби пулӣ ба даст меоред. Беҳтараш дар ин бора ба касе чизе нагӯед, вагарна сафи душманонатон зиёд мегардад.  

Асад (23 июл-22 август)

Тамоми қарзҳои худро баргардонед. Агар дӯстону наздикон ба кӯмакатон омада, маслиҳати хуб диҳанд, рад накунед. Сирру асрори дӯстонатонро фош насозед, вагарна аз боварии эшон мебароед. Бегоҳирӯзӣ сабаби моҷарои байни шумову ҳамсаратон рашк мегардад. Саломатии худро дар ҷойи аввал гузоред.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз аз мушкилиҳои ногаҳоние, ки дар ҳаёти шахсиятон пайдо мешаванд, эҳтиёт шавед. Қисми аввали рӯз асабонияту дағалӣ нисбати атрофиён боиси қаҳру ғазаби наздикону хешовандон мегардад. Дар ин рӯз бахшидани гуноҳҳо, гирифтани туҳфа, иҷро намудани хоҳишу дархост хуб аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи бебарор аст. Асабоният боиси муноқиша бо наздиконатон мегардад. Дар сафари роҳи дур бо нафарони аҷиб шинос мешавед. Аз меҳрубониву ғамхории шумо муносибатҳои шахсиятон ранги тоза мегиранд. Яку якбора ба чанд кор даст задан боиси аз даст додани маблағи пулӣ мегардад.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ба манзили нав кӯчиданро тавсия намедиҳем. Аз ҷониби рақибон ва бадхоҳон ҳуҷумро эҳсос мекунед. Тамоми кӯшишҳоятонро барои беҳтар сохтани вазъият равона созед. Хатари хурӯҷ намудани бемориҳои музмин имкон дорад. Зиёд нӯшидани нӯшокиҳои спиртиро тавсия намедиҳем.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Барои нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, рӯзи номусоид аст. Беҷуръатӣ ва ғалатҳоятон боиси аз даст додани маблағи пулӣ мегардад. Дар муносибатҳои ошиқона ҳодисаҳои хуш рух медиҳанд. Мушкилиҳои ошиқонаро бобарор рафъ месозед. Имрӯз аз одатҳои бади худ даст кашед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Бад шудани вазъи саломатӣ ва гирифтори аллергия шуданатон имкон дорад. Агар саломатиятон кайҳо боз ташвиш медода бошад, дорувориҳои даркориро харидорӣ намоед. Ҳамзамон, барои ба назди дандонпизишк рафтану аз ташхис гузаштан рӯзи мусоид аст. Хатари рух додани ҳодисаҳои нохуш зиёд аст.

Далв (21 январ-18 феврал)

Рӯзи бебарор аст, хусусан, барои мардон душвориҳои зиёде пеш меоянд. Хатари аз даст додани маблағи пулӣ дар ин рӯз зиёд аст, аз ин рӯ, дар масъалаҳои пулӣ ба шитобкорӣ роҳ надиҳед. Бо наздикони худ баҳсу мунозира накунед, он гоҳ корҳоятон бобарор мешаванд. Хоби дидаатон ҳамин рӯз амалӣ мешавад.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯзи душвор аст. Ба ғалат роҳ додану ба камбудиҳои худ чашм пӯшиданатон боиси аз даст додани маблағи пулӣ мегардад. Ба баҳсу мунозирае, ки ба шумо комилан дахл надорад, қӯш нашавед. Аз ҷанҷолу муноқиша дурӣ ҷӯста, на танҳо обрӯ, балки табъи хуши худро нигоҳ медоред. Баъди нисфирӯзӣ саломатиятон нохуб мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *