Толеъномаи 12-уми майи соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи хубест барои рафтан ба мағозаву бозор ва истироҳат дар оғӯши табиати зебо. Дар оилаи ҳамалҳои оиладор тағйиротҳои ҷиддӣ имкон доранд. Дар давоми рӯз бо кору бори рӯзгор, рӯбучини хонаву дар, таъмири асбобҳои техникӣ ва рафъ намудани мушкилиҳои хоҷагӣ машғул шавед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз ба ҳамкорони ҷавону бетаҷриба кор омӯхта метавонед. Камбудиҳои молиявӣ табъатонро хира сохта наметавонанд. Сафарҳои якҷоя ва сайру саёҳат имкон доранд. Саврҳои ошиқ ба орзуҳои деринаи худ мерасанд. Саломатии худро танҳо ба табибони касбӣ бовар кунед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз вохӯрии тақдирсоз ва ба даст овардани маблағи хуб имкон дорад. Сирру асрори дӯстатонро махфӣ нигоҳ доред. Барои сафари роҳи дур рӯзи мусоид нест, вале сайругашт ва истироҳат дар оғӯши табиат фоида дорад. Нисбати кӯдакон садо баланд кардану дағалиро тавсия намедиҳем.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз имкони сарватманду муваффақ ва хушбахт шуданро пайдо месозед. Аз табъи болидаи шумо бисёр чизҳо вобастагӣ дорад, аз ин рӯ, метавонед ҷасурона шинос шудан гиред. Баъди нисфирӯзӣ барои истироҳат вақт ёбед. Аз нӯшокиҳои спиртӣ ва истеъмоли гӯшт муваққатан худдорӣ намоед.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз ба баҳсҳои душвор ҳамроҳ нашавед, зеро якеро ҷонибдорӣ намуда, ғазаби ҷониби дигарро меоред. Барои меҳнати кардаатон мукофотпулии калон мегиред. Паёмаки ошиқона аз нафаре, ки дӯсташ медоред, саратонро ба осмон мерасонад. Баъди нисфирӯзӣ худро каме нотоб ҳис мекунед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Корҳои худро аз нав ба нақша гирифтан лозим меояд. Сафари берун аз шаҳрро ба таъхир гузоред, зеро он фоида намеорад. Дар ҳаёти шахсӣ нуқтаи назари худро аз нав дида бароед, хусусан, агар дӯстдоштаатон онро қабул надошта бошад. Баъди нисфирӯзӣ мушкилиҳои рӯзгор табъатонро хира месозанд.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар масъалаи молиявӣ фоидаи хуб ба даст меоред. Агар маблағи худро ба лоиҳаи калон сарф карданӣ бошед, воҳима накунед. Серкориятон боиси аз дӯстону наздикон дур шуданатон мегардад. Дар робита бо фарзандон садо баланд накунед ва ҳақ будани худро низ бо зӯрӣ исбот акунед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи фиребу найранг аст. Дар ҷойи кор ва ҳаёти шахсиятон душвориҳо сар мезананд. Ба нафароне, ки боварӣ надоред, аз худ дур созед. Аз вохӯрӣ бо роҳбарият дурӣ ҷӯед. Ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳои муҳим хеле бодиққат буданро маслиҳат медиҳем. Агар хастагиро эҳсос намоед, бештар дар ҳавои тоза вақт гузаронед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз иваз кардани ҷойи корро маслиҳат намедиҳем. Бо вуҷуди рух додани муноқиша бо яке аз ҳамкорон худро ба даст гиред. Вазъият ба зудӣ тағйир меёбад ва аз кори дар сари қаҳр анҷомдодаатон сахт пушаймон мешавед. Қавсҳои муҷаррад бо шахси хеле хуб шинос ва оиладор мешавад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз ба гирдоби ҳодисаҳои ошиқона фурӯ меравед. Эҳтимол, дар бораи шахси наздикатон ғайбат мешунавед. Ҳангоми кор бо таҷҳизоти барқӣ боэҳтиёт ва бодиққат бошед. Мушкилоти рӯзгор ё муноқиша бо наздикон табъатонро хира мегардонад. Истеъмоли гӯшт ва машруботро тавсия намедиҳем.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Рӯзи ғайриодӣ аст. Риштаи дӯстиятон ба муҳаббати бузург мубаддал мегардад. Робитаро бо хешовандон зичтар намоед. Хусусан, ба нафароне, ки ба дастгирии маънавии шумо ниёз доранд, кӯмак кунед. Эҳтимоли ба ғалат роҳ додану муноқиша бо наздикон ва ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз аз ӯҳдаи ҳама кор бо осонӣ мебароед, табъатон аз субҳ болида мегардад. Бо корҳои шахсӣ сафар мекунеду ба хешовандони калонсолатон кӯмак мерасонед. Истироҳат карданатон хуб аст, вале мушкилиҳои хона худ ба худ рафъ намегарданд. Ба нафароне, ки боварӣ надоред, аз худ дур созед.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *