Толеъномаи 12 январ

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Имрӯз аз рӯйи масали «Меҳнат кунӣ, роҳат бинӣ» амал намуда, комёб мегардед. Рӯзона эҳтимоли сафари хидматӣ ва бегоҳирӯзӣ ҷаласаи муҳим имкон дорад. Агар хеле бодиққат бошед, касеву чизе аз роҳи рост бароварда наметавонад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин рӯз сардор вазифаи муҳимеро ба дӯшатон бор месозад, ки то бегоҳ иҷро кардан лозим меояд. Муҳимаш корро бе саросемагӣ ва ба таври касбӣ бояд ба анҷом расонед. Ҳаёти шахсиро муваққатан фаромӯш созед, вале ғами саломатиро хӯред.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рӯз бо меҳнати ҷисмонӣ машғул шудану ба зали варзиш рафтанро тавсия намедиҳем. Ҳамаи ин корҳо боиси бад шудани вазъи саломатӣ ва мушкилиҳои зиёди дигар гашта метавонад. Барои оилаву корҳои хона вақт ҷудо кунед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ҷойи коратон ҳодисаҳои ногаҳонӣ рух медиҳанд. Баъзе ҳамкоронатонро аз кор ҷавоб медиҳанд, маоши баъзеҳоро зиёд мекунанд. Бо шумо чӣ ҳодиса рух доданаш айни замон номаълум аст. Муҳим он аст, ки дар ин рӯз худро ҳамчун корманди масъулиятноку босавод нишон дода тавонед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз ба кори наву бароятон ношинос машғул нашавед. Натиҷаи кор табъи дилатон намешавад. Дар масъалаҳои пулӣ сифатҳои беҳтарини худро нишон диҳед. Ба коре, ки як маротиба боиси муноқиша бо дӯстдоштаатон гашта буд, даст назанед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар ин рӯз ба садои қалб гӯш андозед. Ҳасудхӯрон дар атрофатон зиёд мешаванд, вале шумо имкони беҳтар сохтани вазъиятро пайдо месозед. Дурандешиву оқилона рафтор карданатон комёбӣ меорад. Бегоҳирӯзӣ бо наздикон истироҳат намоед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз бо ҳамкоронатон ибрози ақида намудан хуб аст. Хусусан агар роҳбарият кореро фармояд ки бояд коллективона ба анҷом расонед. Ба бозиҳои ошиқона дода нашавед, бо ҳаёти шахсӣ машғул шавед. Барои ба хонаи нав кӯчидан рӯзи хуб аст.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Барои рафъи шубҳаву гумонҳо нисбати дӯсти наздикатон бояд бо ӯ дар танҳоӣ суҳбат намоед. Ба овозаҳо диққат надиҳед. Эҳтимол, туҳматро нафаре, ки ба шумо ҳасад мебарад, махсус паҳн месозад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз ҳам дар кору ҳам дар ҳалқаи дӯстон бояд ақлу заковати худро нишон диҳед. Меҳрубонӣ ва дилкушодиятон боиси пайдо намудани дӯстонии нав мегардад. Мушкилиҳои пулиятон бобарор анҷом ёфта, қавсҳои тоҷир бурд мекунанд.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Касбу кори нав аз худ намуда, бояд меҳнат кунед. Агар дар танҳоӣ меҳнат карданӣ бошед, натиҷае ба даст намеоред. Аз муноқишаҳои ошиқона руҳафтода нагардед. Забони худро аз рӯирост гап задан нигоҳ доред.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Рӯзона бо нафаре шинос мешавед, ки ҳамкории судмандро пешниҳод мекунад. Дар ҳаёти шахсӣ ба эҳсосот дода нашавед, ба нафаре, ки ба наздикӣ шинос шудаед, изҳори муҳаббат накунед. Дар ҳама кор ба таҷриба такя намоед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз на танҳо аз тахаюлоти худ, балки аз нафароне, ки ба шумо кӯмак кардан мехоҳанд, мегурезед. Дар ҷойи кор камбудие рӯй медиҳад, ки бо сабаби он маоши якмоҳаатон аз даст меравад. Дар сарф кардани пул ба саросемагӣ роҳ надиҳед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *