Толеъномаи 13 июли соли 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ин рўз диққати худро ба амалҳое равона созед, ки пешравии коратон аз он вобастагӣ дорад. амалиётҳои косметикӣ, табобат ва масъалаҳои молиявӣ хуб анҷом меёбанд. Зимни ҳисобу китоби пул бодиққат бошед. Аз кўмаку дастгирии нафарони дилпур рў натобед. Хабар ё ҳодисае ба корҳоятон таъсири хуб мерасонад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин руз кори табъи дил пайдо намуда, бештар истироҳат намоед. Аз серкорӣ корҳои оилавӣ ва тарбияи фарзандонро фаромўш насозед. Бегоҳирўзӣ ба меҳмонӣ рафтан хуб аст. вохўрии аҷибу хотирмон эҳтимол дорад.ба садои қалб гўш андозед. Бо сабаби мушкилоти молиявӣ бо дўстонатон нофаҳмӣ имкон дорад.

 

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рўз ҷаззобиятатон чунон зиёд мегардад, ки ҳатто рақибонро ба худ ҷалб месозед. Ба маъракаву ҷашнҳои оилавӣ даъватӣ мегардед. Барои барпо намудани тўйи арўсӣ ё бастани ақди никоҳ рўзи беҳтарин аст. аз саломатиятон ташвиш накашед, вале аз машрубот ва хўроки равѓанин худдорӣ намоед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рўз ба роҳи макру фиреб қадам нагузоред, вагарна ба ҷои бурд бохт мекунед. Барои раҳоӣ ёфтан аз муноқишаҳо бо атрофиён меҳрубон бошед. Мушкилоти молиявӣ боиси сард гаштани муносибат бо дўстонатон мегардад. дар рафтору гуфтор боэҳтиёт бошед. Мушкилоти молиявиро бо осонӣ рафъ карда наметавонед.

 

Асад ( 23 июл – 23 август)

Рўзи душвор аст. мушкилиҳои гуногун ба кўшишу ѓайрат ва корчаллон будан водоратон месозанд. Ба ҷои истироҳат тамоми рўз заҳмат кашида, лаҳзаи фориѓ пайдо карда наметавонед. Бегоҳирўзӣ имкони хуби бо дўстон ва аҳли оила нишастанро пайдо мекунед. Аз маслиҳату тавсияҳои нафароне, ки дар масъалаҳои молиявӣ таҷрибаи бой доранд, сарфи назар накунед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Рўзи бобарор аст. агар дар рухсатӣ бошед, ҳатман табъи дил истироҳат кунед. хариди калон карданро тавсия намедиҳем. дўстони дерин ё наздикон маслиҳати хуб медиҳанд. Ҳодиса ё хабаре ба корҳоятон таъсири мусбӣ мерсаонад. Мулоқоти ошиқона табъатонро болида мегардонад.

 

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рўз ба гапи ғайбатчиёну ҳасудхурон бовар накунед. Ҳар гаперо, ки дар бораи шахси дўстдоштаатон мешунавед, бовар накунед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Вохўрии тақдирсоз шуморо ба ҳайрат меорад. Ҳар қадаре бо атрофиён муносибати худро хуб гардонед, ҳамон андоза шарикони нави тиҷоратӣ пайдо мекунед. Ғуруру такаббур боиси сард гаштани муносибат бо атрофиёнатон мегардад. баъди нисфирўзӣ каме нотоб гаштанатон эҳтимол дорад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рўз аз қаҳру ғазаб худдорӣ намоед, вагарна зери таъсири чунин нафарон мемонед. Ба саломатии худ бодиққат бошед, эҳтимоли рух додани садама, хурўҷи дил ва ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. робита бо шарикони нави корӣ бебарор анҷом меёбад, вале дўстони дерин ё наздикон маслиҳати судманд медиҳанд.

 

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Воқеа ё хабаре имкон дорад, ки ба корҳоятон таъсири хуб мерасонад. Нақшаҳои нав даромади хуби пулӣ меоранд. Муносибатҳоятон бо ҳамсафари ҳаётӣ чандон хуб ҷараён намегирад. Сабаб дар рашк ё зихнагӣ буда метавонад. Дурандешона амал намуда, ин мушкилиро рафъ карда метавонед. Барои харидани либос, ороишот ва мебели нав рўзи бобарор аст.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рўз ягон чиз садди роҳи пешравиҳоятон намегардад. Далвҳое, ки ба наздикӣ ҷойи кор ёфтаанд, комёб мегарданд. Дар муҳити орому осуда фикру андешаҳои худро ба тартиб оварда, аз вазъиятҳои душвортарин баромада метавонед. Баъди нисфирўзӣ бо аҳли оила ва дўстону фарзандон истироҳат карданро тавсия медиҳем.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рўз дар рафтору гуфтор озодона амал куне два ба мақсад мерасед. Барои беҳдошти ҳолати ҷисмонӣ ва солимии руҳу ҷон истироҳати бештарро тавсия медиҳем. Агар тамоми рўзро дар паси компютер мегузаронида бошед, аз хастагӣ раҳоӣ намеёбед. Дар рафтору гуфтор боэҳтиёт бошед, эҳтимоли дар сари рашк муноқиша карданатон вуҷуд дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *