Толеъномаи 13-уми октябри соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз бо варзиши хастакунанда ва коре, ки қувваву мадорро мегирад, машғул шуданро тавсия намедиҳем. Агар ба маслиҳати дӯстон гӯш андозед, дар муносибатҳои шахсӣ ба ғалат роҳ намедиҳед. Нафароне, ки ба тағйиротҳои азим даст задан мехоҳанд, бори дигар бехатарии ин иқдоми худро фикр карданашон лозим аст.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз бояд аз пайи рафъ намудани мушкилиҳои шахсии худ шавед. Агар аз таҳти дил кор кунед, мукофотпулӣ мегиред. Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, бояд аз таҷрибаи нафарони кордон истифода баранд. Нафарони калонсолро лозим аст, ки фикру андешаҳои мағшушро аз сар дур созанд.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз бемасъулиятӣ ва фориғболӣ накунед, вагарна сабабгори ба таъхир афтидани корҳоятон мегардед. Ҳар суханеро, ки ба забон меоред, сад бор андеша намоед. Эҳтимол, шумо сирру асрори нафареро фош месозед. Нафароне, ки хароб шудан мехоҳанд, ба мақсад расиданашон осон мегардад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз одати чизеро тағйир надодани шумо сабаби муноқиша бо яке аз наздиконатон мегардад. Яке аз аъзоёни оила бо рафтори ғайриодияш шуморо ба ҳайрат меорад. Дар масъалаҳои молиявӣ аз амалҳои қатъӣ даст кашед. Қабл аз он ки барои коре розигии худро медиҳед, оқибаташро андеша намоед.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз ба касбу кори худ тағйирот ворид сохтан мехоҳед. Ҳодисаҳои рухдода сабабгори фишори сабуки рӯҳӣ мегарданд. Сабабҳои дигаре, ки боиси ташвишу изтироби шумо мегарданд, фарбеҳӣ, рафтори шахси дӯстдошта ва норасоии пул аст. Вазъи саломатии худро таҳти назорат гиред.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз нақшаву ниятҳои худро ба касе нагӯед. Хатари дигаре шуморо таҳдид намекунад. Нерӯи худро дар корҳои нав истифода баред. Нафарони оиладорро лозим меояд, ки ба муносибатҳои оилавӣ навгонӣ ворид намоянд. Молу ашёи даркориро бо нархи ниҳоят арзон дастрас карда, хурсанд мешавед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз фикру андешаҳои мағшушро аз сар дур намоед. Равшанфикриву табъи хуш корҳоятонро равшанӣ мебахшаду фикрҳои манфӣ пеши роҳатонро мебанданд. Эҳтимоли маблағи хуб ба даст оварданатон вуҷуд дорад. Мизонҳои муҷаррад имкони пайдо намудани бахти худро ба даст меоранд.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз танқиду эроди худро нисбати нафари манфуре баён менамоед. Барои он ки дар назари атрофиён дағалу густох нанамоед, дарҳол вазъиятро ислоҳ кунед. Аз худ қаҳрамон натарошеду касеро низ ҷонибдорӣ накунед. Дар давоми рӯз нафаре пайдо мешавад, ки аз мушкилоти ҷиддие раҳоятон мекунад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз баъзеҳо дар чорроҳаи қисмат зору ҳайрон мемонанд. Барои он ки дар масъалаҳои муҳим посухи дуруст дода тавонед, ақли солимро ба кор бареду ба маслиҳати нафароне, ки тасаввурот надоранд, гӯш надиҳед. Дар ин рӯз чизҳои кӯҳнаву нодаркорро партофтанатон лозим меояд.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз табъатон аз субҳи содиқ болида мегардад. Дар натиҷаи хушҳолии пайдошуда, эҳтиёткории зотиро аз даст медиҳед. Ба саломатӣ бештар диққат доданатон лозим аст. Баробари худро бад ҳис кардан, аз пайи пешгирӣ намудани зуком шавед. Ба хасташавии зиёд роҳ надода, аз хоб сер кунед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз бо масъалаҳои молиявӣ машғул шуданатон лозим аст. Рӯйхати хароҷоти худро тартиб диҳед, бо ин роҳ имкони сарфа намудани пулро ёфта метавонед. Нафарони калонсол набояд бо рӯҳафтодагӣ ва андешаҳои мағшуш табъи худро хира созанд. Ин ба саломатии онҳо бетаъсир нахоҳад буд.  

Ҳут (19 феврал-20 март) Дар ин рӯз ба ҳеҷ ваҷҳ такаббури худро нишон надиҳед. Ин амали шумо ба робитаву нафароне, ки пешравии касбу коратон аз онҳо вобастагӣ дорад, халал мерасонад. Аз нафарони фиребгару худхоҳ дурӣ ҷӯста, ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед. Одати бадеро, ки партофа будед, боз такрор карданатон имкон дорад.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *