Толеъномаи 14-уми июни соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз нисбати наздикони худ серталаб набошед. Агар онҳо ҷонибдори шумо бошанд, пас бурд кардаед. Имрӯз бо роҳи ҳиллаву найранг ба мақсад расида метавонед, ҳарчанд ҳиллаву найранг ҳамавақт ба кор намеравад. Маъракаҳоятон ба дараҷаи олӣ мегузаранд ва обрӯятон афзун мегардад.  

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз дар баробари оне ки рӯзи пур аз муҳаббату ҳамдигарфаҳмӣ аст, ҳодисаҳои асабхаробкунандаро низ интизор бошед. Тақдиру насиб шуморо ба чӣ ҳодисаҳое, ки рӯ ба рӯ намекунад. Барои он ки аз ҳолатҳои ногувор берун оед, худро барои иҷрои корҳое, ки намехоҳед, умуман маҷбур накунед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз шуморо лозим аст, ки ҳар имконияти ба даст меомадаро ба фоидаи худ истифода баред. Корҳоятон барор мегиранд ва корҳои вазнинтарро низ ба нақша гирифта, аз ӯҳдаашон баромада метавонед. Баъзе ҷавзоҳои танҳоро вохӯриҳое интизор аст, ки оқибати тақдирсоз доранд.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз хеле хаста шуда, дигар кор кардан намехоҳед. Бо кори зиёд худро хаста накарда, барои истироҳат низ вақт ҷудо кунед. Корҳои нотамоматонро баъдан ҳам иҷро карда метавонед. Вохӯриҳое, ки интизорашон будед, бо сабабҳои ба шумо номаълум баргузор намешаванд.  

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз бо нафаре вомехӯред, ки пешравии кори шумо ба ӯ вобастагӣ дорад. Агар лозим бошад, барои зиёд кардани донишатон ба омӯзиш машғул шавед. Асадҳои муҷаррадро шиносоии тақдирсоз интизор аст. Ҳеҷ гоҳ аз нобарориҳои худ ба дӯстонатон қисса накунед, зеро ин ба фоидаи шумо нест.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Аз рақибони худ пеш мегузаред ва рӯзатон бобарор паси сар мешавад, ба шарте ки ба ғалатҳои гузаштаи худ аҳамият надиҳед. Касе ё чизе обрӯи шуморо резонида наметавонад. Вазъи молиявиатон хуб бошад ҳам, аз харидории чизҳои нолозим худдорӣ намоед. Ба дӯстдории ҳамсаратон ниёз пайдо мекунед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз пулро дареғ надошта, барои худ ҳар чизи лозимаро харидорӣ кунед. Ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки дар ин рӯз ошиқ шуданатон мумкин аст. Аз нобаробариҳои ҷои кор дилмонда нашавед, вазъият ба зудӣ ба маҷрои худ бармегардад. Ба оилаву наздиконатон диққати бештарро равона кунед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Агар ҳодисаҳои давоми рӯз рӯй медодаро оромона таҳаммул кунед, оқибати ҳама кор ба хайр аст. Барои ошиқон рӯз бобарору нек меояд. Кӯшиш накунед, ки дар муносибат бо шахсони наздики худ ба ҳиллаву найранг даст занед. Шом аз ҳад зиёд хӯрок нахӯред ва каме дар фикри саломатиатон низ бошед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ба маслиҳати нафароне, ки шуморо ба фоидаи худ истифода бурдан мехоҳанд, умуман гӯш накунед. Аз чунин нафарон дур шавед ва ба ҳақ будани худ боварӣ ҳосил кунед. Барои беҳтар шудани муносибатҳои оилавиатон кӯшиш намоед. Барои тоза кардани хонаву дар рӯзи мусоид аст.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Бо вуҷуди он ки шуморо асабӣ мекунанд, ба қаҳру ғазаб дода нашавед ва дар ҳама ҳолат оромиро нигоҳ доред. Худро бемор нишон дода, аз вазъиятҳои моҷароангез дур бошед. Барои ба бозор рафтан рӯзи бобарору мусоид аст. Аз оне ки асбобу анҷомҳои даркориатонро мехаред, хушҳол мешавед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Вазъи молиявиатон имрӯз рӯ ба беҳбудӣ меорад. Ба бозор ё мағоза рафта, чизҳои лозимиатонро мехаред. Сафари роҳи дур ва ҷаласаи корӣ ба дараҷаи олӣ мегузаранд. Аз истироҳат дар ҳавои тоза худдорӣ кунед, зеро масунияти баданатон паст асту шамол хӯрданатон аз эҳтимол дур нест.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз аз ӯҳдаи ҳар коратон ба хубӣ мебароед. Барои машғулиятҳое, ки аз иҷрои онҳо қаноатманд мешавед, вақти бештар ҷудо кунед. Агар аз бепулӣ азият мекашед, пас бо нафарони калонсоли оила машварат карда, мушкилии худро рафъ кунед. Хӯрокро дар вақташ истеъсол карда, дар фикри саломатиатон бошед.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *