Толеъномаи 14-уми январи соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз табъатон гирифтаву аз ҳад зиёд ҷиддӣ мешавед. Беҳтараш диққати худро ба лаҳзаҳои дилхушкунандае, ки дар ин рӯз зиёд мешаванд, равона созед. Ба умеди пули муфт нашавед, вале дар сурати каме таваккал намудан пули хуб ба даст меоред. Барои харидани туҳфа ба шахси дӯстдоштаатон рӯзи мусоид аст.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз хариду фурӯши хона хеле бобарор анҷом меёбад, муҳимаш он аст, ки дар тахт намудани ҳуҷҷатҳо ба ғалат роҳ надиҳед. Барои табобат, харидани либоси кӯдакона, таъмири асбобҳои техникӣ ва асбобу анҷоми рӯзгор маблағи зиёд сарф мекунед. Ба коре, ки ба ояндаатон таъсири манфӣ мерасонад, даст назанед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯзро бо шахси дӯстдоштаатон гузаронидан мехоҳед. Бо сабаби серкорӣ тамоман аз нафари бароятон азиз дур гаштаед. Ба тарабхона рафтан ё истироҳат дар муҳити ороми хона ба фоидаи шумост. Кори вазнини баъди нисфирӯзӣ хастаатон месозад, вале маблағи хуб ба даст оварда табъатон болида мегардад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз аз вайрон шудани нақшаҳоятон асабӣ мешавед. Насия ва аз дӯстон қарз гирифтанро тавсия намедиҳем. Маълум нест, ки шумо тамоми қарзҳоятонро кай бармегардонед. Беҳтар мебуд, ки саратонҳои муҷаррад ба ҷойи мулоқоти интернатӣ ба мулоқоти рӯ ба рӯ раванд ва бахти худро дарёбанд.

Асад (23 июл-22 август)

Рӯзи хубест бари рафъ намудани мушкилиҳои молиявӣ ва нияту нақшаҳои деринаатон. Дар ҷойи кор саросема нашавед, вагарна ба ғалатҳои зиёде роҳ медиҳед, ки баъдан дарди саратон мешаванд. Бо нафаре шинос мешавед, ки маслиҳатҳои судманд медиҳад. Барои харид ва рафъи мушклиҳои рӯзгор рӯзи мусоид аст.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи серташвиш ва бебарор аст. Бо сабабҳои гуногун муноқишаву низоъ имкон дорад. Эҳтимоли сар задани садамаҳои нақлиётӣ имкон дорад. Сафари корӣ бобарор анҷом меёбад. Шом даромади пӯлӣ ба даст оварда, аз дӯстдоштаатон хабари хуш мешунавед. Дар оилаи баъзеҳо зиёд шудани сафи фарзандон имкон дорад.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Бо сабаби он ки имрӯз атрофиён нисбати шумо дағал ҳастанд, аз муноқишаву низоъ амон намеёбед. Беҳтараш аз робитаи зиёд худдорӣ намуда, ба баҳсу мунозира роҳ надиҳед. Аз танқид кардани атрофиён худдорӣ намоед. Муносибати нави ошиқонаатон пароканда мегардад, вале шумо рӯҳафтода намегардед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Барои он ки робитаатон бо шахси дӯстдошта хубтар гардад, бояд дарди якдигарро дарк карда тавонед. Албатта, ин кори осон нест, вале сабру таҳаммул ва меҳрубонӣ дар ин кор кӯмакрасони шумо мегарданд. Ба дӯстдоштаи худ туҳфаи хотирмон тақдим намоед. Ба сафари берун аз шаҳр баромаданатон имкон дорад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз аз ҷониби нафароне, ки чанде қабл кӯмаку дастгирӣ карда будед, изҳори миннтадорӣ мешунавед. Дастгириву маслиҳати шуморо қадр мекунанд. Корҳои молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меоранд ва чизҳои даркориятонро харидорӣ карда метавонед. Дӯстдоштаатонро лаҳзае аз худ дур насозед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Обрӯву нуфӯзи худро бояд дар коллектив баланд бардоред. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ аз ташхис гузаштану хун супориданатон лозим аст. Пешгирӣ намудани беморӣ табобати онро осонтар месозад. Барои ба мулоқоти ошиқона рафтан рӯзи мусоид нест, муваққатан аз ин кор худдорӣ намоед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз нақшаҳои худро ба касе нагӯед, дарди дил кардан бар зарари шумост. Серкорӣ ба саломатиятон беасар намемонад, беҳтараш витамин истеъмол кунед. Чанд ҳодисаи тасодуфӣ ба ҳаёти шахсиятон бетаъсир намемонанд. Бо табъи хира ба роҳ набароед, вагарна ба ҳолатҳои ногувор гирифтор мешавед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз сабру таҳаммулро пеша намуда, қаҳру ғазаби худро ба сари наздикон нарезед. Вазъият душвор гашта, асабониву табъатон нохуш мегардад. Каме аз аз корҳоятон дур гашта, дар ҳавои тоза сайр намоед. Ҳавои тоза асабатону орому оташи меҳру муҳаббатро дар қалбатон зиёд мегардонад.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *