Толеъномаи 15-уми феврали соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Эҳсоси яъсу ноумедӣ ба дилатон роҳ ёфта, андешаи он ки ҳаёт зудгузар аст, шуморо рӯҳафтода мегардонад. Барои он ки ғаму андуҳ ба дилатон роҳ наёбад, лаҳзаҳои хушу гуворои ҳаётатонро ба ёд биёред. Мардҳоро вохӯрии ошиқона интизор аст. Саломатиятон дар ин рӯз беҳтар мегардад.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ҳаётатон тағйиротҳои куллӣ рух медиҳанд. Бемории зуком ташвиши зиёд меорад. Хоҳиши зудтар шифо ёфтан боиси он мегардад, ки бо худтабобаткунӣ машғул шуда, ба худ зарар мерасонед ва беморӣ тӯл мекашад. Бо кӯмаки дӯстону наздикон ба комёбӣ мушарраф мегардед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз бо касе шинос шуданро маслиҳат намедиҳем, вохӯриҳои нав оқибати ногуворро ба бор меоранд. Маблағи худро бо мақсади ба даст овардани фоидаи дучанд сарф накунед, вагарна тамоман бепул мемонед. Асабонияти зиёд ва ба эҳсосот дода шуданатон боиси рух додани муноқиша дар ҷои коратон мегардад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар оилаи баъзе саратонҳо тавлиди фарзанд дар назар аст. Хариди калон бобарор анҷом меёбад. Баъди нисфирӯзӣ хеле боэҳтиёт бошед, хатари ҷароҳат бардоштану ба садама гирифтор шуданатон зиёд аст. Дар сарфи маблағ сабукфикрӣ накунед. Бонувони муҷаррад бахти худро пайдо месозанд.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз мушкилиҳои хурди маиширо рафъ карданатон лозим меояд. Ошиқон бо ҳам низоъ мекунанд. Саломатии худро фаромӯш накунед, барои истироҳат пешакӣ вақт ҷудо кунед. Барои қабули меҳмонҳои нохонда омода бошед ва чунон рафтор намоед, ки гӯё онҳоро интизор будед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи бобарор аст, аз субҳ нақшаи кори худро тартиб диҳед. Маълумоти нодуруст мешунавед ё зери таъсири нафари бегона парешонхотир мегардед, ки ин сабаби нобарориҳоятон дар чанд рӯзи дигар мегардад. Ниятҳои худро ҳатто ба нафарони наздикатон нагӯед. Баъди нисфирӯзӣ табъатон хира мегардад.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи серташвиш аст, мушкилӣ аз ҳар ҷониб пайдо мешавад. Бо вуҷуди нобарориҳо бештар табассум кунед, то зиндагиятон пурнишот мегардад. Ба нафароне, ки пайваста дар паҳлӯятон ҳастанд, шарм надошта, муҳаббату эҳтироми худро баён намоед. Даромади пулӣ имрӯз дар назар нест.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи душвор аст. Субҳи барвақт яке аз наздикон бо муноқиша табъатонро хира мегардонад. Дар муносибатҳои шахсӣ нофаҳмӣ рух медиҳад ё дар коре ба хатогӣ роҳ медиҳед. Хабари нохуш нақшаҳоятонро тағйир медиҳад ва боис мешавад, ки чанд кори худро ба рӯзи дигар ба таъхир гузоред.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ҳама кор ба эҳтиёткориву ҳушёрӣ роҳ диҳед. Ба комёб гаштан умед набандед, барои ба мақсад расидан беҳтараш кӯшиш ба харҷ диҳед. Дар масъалаҳои пулӣ ба фиреб роҳ надиҳед. Бемориҳои узвҳои ҳозима имкон доранд. Бонувони муҷаррад шоҳзодаи аспсавори орзуҳои худро пайдо мекунанд.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Агар корҳоятонро пешакӣ ба нақша гиред, рӯзи бобарор мешавад. Беҷуръатӣ ё таъсири нафари бегона боиси аз даст додани маблағи пулиятон мегардад. Ба ақли солим такя намоед, ба нуқтаи назари наздиконатон ҳам бовар накунед. Пеш аз хариди калон кардану ба хешовандони худ қарз додан нағзакак фикр кунед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳед, вале аз шумо ба касе фоидае намерасад. Бонувонро вохӯрии ошиқона ё хабари хуши ногаҳонӣ интизор аст. Мардҳо бояд аз харҷи беҳуда худдорӣ намоянд. Хобҳои дидаатон амалӣ мегарданд. Бегоҳирӯзиро бо шахсони бароятон азиз дар сари як миз гузаронед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Муноқишаву нофаҳмие, ки дар зиндагиятон рух медиҳад, шӯхиомез қабул кунед. Ба хӯроки мехӯрдаи худ диққат диҳед, эҳтимоли бемор шуданатон вуҷуд дорад. Маблағи пулиеро, ки имрӯз ба даст меоред, ба осонӣ аз даст медиҳед. Ба рашки беҳуда роҳ надиҳед, вагарна рӯзҳои наздик аз моҷаро халосӣ намеёбед.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *