Толеъномаи 16-уми феврали соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Барои сафару саёҳат рӯзи хуб аст. Ронандагон бояд дар роҳ боэҳтиёт бошанд. Асабоният ва худро идора карда натавонистан садди роҳи пешравиҳоятон мегардад. Ба саломатии худ диққат диҳед, хусусан, ба коре, ки боиси фишор ёфтани чашмонатон мегардад, машғул нашавед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Барои эҷодкорон, сохтмончиён ва истироҳат дар ҳавои тоза рӯзи мусоид аст. Дар ин рӯз ба сафару саёҳат баромадан манъ аст. Маблағи худро захира кунед, рӯзҳои наздик маблағи хуб ба даст оварда наметавонед ва ба монеаву ногувориҳои зиёд мувоҷеҳ мегардед, ки маблағи зиёд лозим мешавад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз ҳангоми робита бо атрофиён ба якравӣ роҳ надиҳед. Бо сабаби зудранҷӣ ва ҳассосияти зиёд сабабгори муноқишаҳои зиёд мегардед. Нуқтаи назари худро ба касе иброз накунед, дар акси ҳол барои гузашт кардану бахшиш пурсидан омода бошед. Даромади пулӣ дар назар нест, сарфакор бошед. 

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар муносибатҳои ошиқонаатон бурдборӣ ҳис мекунед. Шахси дӯстдоштаатон барои пешравии корҳоятон хизмати бузурге мекунад ё вазъият ба фоидаи шумо сурат мегирад. Аз ҳайвоноти калон ва силоҳҳои оташфишон эҳтиёт шавед. Нафароне, ки бо варзиш машғуланд, эҳтимоли ҷароҳат бардоштанашон зиёд аст.  

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз оиладор шудану ба шартномае имзо гузоштанро маслиҳат намедиҳем. Нафарони воломақом ба шумо кӯмак мерасонанд, эҳтимоли бо шахси дӯстдоштаатон муноқиша карданатон вуҷуд дорад. Аз истеъмоли ширинӣ худдорӣ намоед. Хароҷоти худро назорат кунед, имкони аз даст додани пул зиёд аст.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Барои нафароне, ки бо эҷод машғуланд, рӯзи бобарор аст. Вохӯрии гуворо ё ишқбозӣ имкон дорад. Баъди нисфирӯзӣ ҳодисае рух медиҳад, ки дилатон аз дӯстон мемонад. Ҳамагуна гуфтушунидҳо бо ҷангу ҷанҷол хотима меёбанд. Эҳтимол, шумо кайҳо боз ба ғалате роҳ дода истодаед ва имрӯз он фош мегардад.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Хушчақчақӣ ва самимияти шумо боиси пайдо намудани робитаҳои даркорӣ мегардад. Аз ҳад зиёд зудбовар нашавед. Фаромӯш насозед, ки на ҳар сурати зебо сирати зебо дорад. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ парҳезро риоя намоед. Бегоҳирӯзи хабари хушу ҷолиб мешунавед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи душвор аст. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Кибру ғурур ё беэҳтиромӣ нисбати ҳамсуҳбат бар зарари шумо анҷом меёбад. Бо касе шинос шудану бо нафарони бегона робита карданро маслиҳат намедиҳем. Аз ҷойҳои торик ва серодам дурӣ ҷӯед. Дӯстдоштаатон ба захмҳои дилатон шифо мебахшад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи бобарор аст. Дилатон лабрези фараҳу шодӣ мегардад. Нафароне, ки алҳол оиладор нашудаанд, бояд дар бораи истироҳати худ бештар фикр кунанд. Буҷаи худро ба инобат гирифта, дар сарфи маблағ андозаро нигоҳ доред. Нафаре, ки аз шумо қарздор буд, имрӯз пулро бармегардонад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Барои ҷаддиҳои ҳунарманд рӯзи бобарор аст. Бонувонро шиносоии гуворо ё ишқбозӣ интизор аст. Мардҳо бояд аз тасодуфан ҷароҳат бардоштан эҳтиёт шаванд. Агар мошин меронда бошед, бо суръати баланд ҳаракат накунед ва аз ашёҳои нӯгтез эҳтиёт шавед. Барои пешгирӣ намудани бемориҳо рӯзи хуб аст.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз ба корҳое, ки ҳисобу китоби дақиқро талаб мекунанд, машғул нашавед. Ба касе ниятҳои худро нагӯед, аз сайругашт худдорӣ намоед. Тасодуфан бо нафаре рӯ ба рӯ мешавед, ки бо ҳам муносибати хуб надоред. Бо ишқварзӣ машғул шудану қайчӣ кардани мӯй ва нохун мумкин нест.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ҳама кор ҷиддӣ бошед, хусусан, ҳангоми амалиётҳои пулӣ. Аз кӯмаку маслиҳати ҳамкорон ё нафарони воломақом рӯ натобед, натиҷаи кор танҳо аз корчаллонии шумо вобастагӣ дорад. Саломатиятон аз тағйирёбии боду ҳаво вобастагӣ дорад. Муносибатҳои ошиқона хуб анҷом меёбанд.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *