Толеъномаи 17-уми майи соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Эҳтимоли ба даст овардани даромад дар назар аст. Мушкилии молиявиеро, ки вақтҳои охир шуморо азият медод, рафъ сохта метавонед. Агар худро нотоб ҳис кунед, бо худтабобаткунӣ машғул нашуда, ба табиб муроҷиат кунед. Мулоқоти ошиқона табъатонро болида месозад.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз бо сабаби бехобӣ ва камҳаракатӣ ҳам табъатон хира мегардаду ҳам худро бад ҳис мекунед. Баъди нисфирӯзӣ суҳбати ошкоро бо аҳли оила нофаҳмиҳоро рафъ месозад. Саломатиятон аз чӣ гуна будани хӯрок ва истироҳати шумо вобастагӣ дорад. Ба нуқтаи назари дӯстдоштаатон гӯш диҳед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз бо нафароне вохӯрӣ намоед, ки ба дастгирияшон умед дошта бошед. Ҷавзоҳое, ки ба ҳамкори худ ошиқ мешаванд, ба касбу корашон зарар намерасад. Барои табобати бемориҳо беҳтараш аз гиёҳҳои табобатӣ истифода баред. Баъди нисфирӯзӣ хабари ҷолиб мешунавед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Ба реҷаи хӯрокхӯрии худ диққат диҳед. Аз истеъмоли гӯшт худдорӣ намуда, ба саломатиятон фоида мерасонед. Бештар маҳсулоти ширӣ ва сабзавот бихӯред. Маблағеро, ки барои меҳнати худ интизоред, рӯзҳои наздик ба даст меоред. Муносибатҳои ошиқонае, ки нав оғоз ёфтаанд, ояндаи нек доранд.  

Асад (23 июл-22 август)

Мушкилиҳои дар ин рӯз сарзада хеле ҷиддиянд, вале ҷидду ҷаҳде, ки шумо доред, боиси зуд бартараф гаштанашон мегардад. Асабоният на танҳо боиси бад гаштани вазъи саломатӣ, балки боиси душвор шудани муносибат бо атрофиён низ мегардад. Баъди нисфирӯзӣ барои мулоқоти ошиқона созгор аст.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи бобарор аст. Масъалаҳои молиявӣ роҳи ҳалли худро меёбанд. Пурхӯрӣ боиси баланд шудани сатҳи холестерин дар хун мегардад, аз ин рӯ, андозаро нигоҳ доред. Барои беҳтар сохтани муносибатҳои ошиқона бояд рафтори худро тағйир диҳед. Камбудиву ғалатҳои дӯстдоштаатонро ба назар нагиред.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ҷойи кор аз ҷониби роҳбарият танқид шунида, табъатон хира мегардад. Наздикон аз беаҳамиятии шумо шиква мекунанд. Дар ин рӯз саломатиятон ташвиш намедиҳад. Дар масъалаҳои молиявӣ бе маслиҳати ҳамкорон аз ӯҳдаи кор баромада наметавонед. Ба саломатии шахсе, ки дӯсташ медоред, диққат диҳед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Чандон рӯзи бобарор нест. Мушкилӣ ҳам дар кору ҳам дар хонаатон сар зада метавонад. Кӯшиши яку якбора тағйир додани зиндагии худро накунед, вагарна фишори рӯҳӣ боиси бад гаштани вазъи саломатиятон мегардад. Ба инҷиқиҳои наздиконатон диққат надиҳед, хуб мешавад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Барои нафароне, ки дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд, рӯзи бобарор аст. Асаби худро аз эҳсосоти манфӣ эҳтиёт кунед. Агар имкони истироҳат карданро надошта бошед, ақаллан рӯзро дар танҳоӣ гузаронед. Нафарони қарздор мушкилии худро бо маслиҳати пайвандон рафъ карда метавонанд.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Яку якбора аз ӯҳдаи чанд мушкилии касбие баромада метавонед, ки ҳамкоронатон баромада натавониста буданд. Нисфирӯзӣ барои хариди калон мусоид аст. Баъди нисфирӯзӣ ба сафари роҳи дур баромаданро тавсия намедиҳем. Ҳам вақти зиёдро аз даст медиҳеду ҳам дилгир мегардед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз саломатӣ ташвиш намедиҳад, вале ба ҳар ҳол барои пешгирӣ намудани бемориҳо аз хӯроки равғанин ва тунд худдорӣ намоед. Қабл аз он ки дӯстдоштаи худро ба суҳбати ҷиддӣ даъват мекунед, нағзакак андеша намоед. Агар нияти ҷудошавиро дошта бошед, ба шитобкорӣ роҳ надиҳед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Аксари ҳутҳо дар ин рӯз зудранҷу ҳасос гашта, ҳамагуна танқиду эродро ба дил наздик қабул мекунанд. Барои он ки ҷароҳат набардоред, дар роҳ боэҳтиёт бошед. Барои бароҳат гаштани хобатон то ними шаб бедор нишастанро маслиҳат намедиҳем. Дар муносибатҳои ошиқона тағйироте дида намешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *