Толеъномаи 17апрел 2019

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ғуруру такаббурро кам карда, ба мушкилиҳои молиявӣ диққат диҳед. Агар нисбати худ танқидро ҳис кунед, оқилона рафтор намуда, сар ба ҷайби андеша кашед, шояд танқид заррае ҳақиқат дорад ва шумо бояд ислоҳ шавед. Ба ғайр аз ин, пули калон ба даст меоред, маош мегиред ё нафаре ба шумо пул медиҳад ва чизеро, ки кайҳо дар орзуи хариданаш будед, ба даст меоред. Агар фарбеҳ шудан нахоҳед, хӯроки худро ба низом дароред.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Рӯзро дар танҳоӣ гузаронед. Ба ҳолати яъсу ноумедӣ афтида ба дилатон тарсу ҳарос роҳ меёбад. Аз доираи нафарони беинтизом дурӣ ҷуста, шабона ба берун набароед. Эҳтимоли бад шудани вазъи саломатӣ имкон дорад, ки ба қобилияти кориятон таъсири манфӣ мерасонад. Барои ба дӯши худ гирифтани масъулиятнокӣ натарсед. Ба мушкилиҳое, ки байни шумову дӯстдоштаатон вуҷуд доранд, хубтар диққат дода, роҳи ҳаллашро меёбед. Аз истеъмоли аз нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Хуб мебуд, ки дар ин рӯз аз маъракаҳои дилхушкунанда дурӣ ҷӯед. Ҳар қадаре бо атрофиён робитаи кам кунед, ҳамон андоза хуб аст. дар акси ҳол муноқишае рух медиҳад, ки бо сабаби он бо яке аз дӯстонатон қаҳрӣ мешавед. Нисбати атрофиён хайрхоҳ бошед, мувофиқи имкон хайру саховат намуда, барои одамон холисона кӯмак расонед. Дар сурати норасоии витаминҳо эҳтимоли бемор шуданатон меафзояд. Охири рӯз дар фаъолияти соҳибкорон душворӣ пеш меояд.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Рафти корҳоятон набояд ба зиндагии оилавӣ таъсир расонад. Агар шумо гумон кунед, ки ба хотири хушбахтии оилавӣ ба кор диққати бештар медиҳед, ин на ҳамеша ба ҳақиқат наздик аст. Ҳамсафари ҳаётӣ аз дуриву беаҳамиятии шумо меранҷад. Рӯз барои саратонҳои муҷаррад бобарор ҷараён мегирад. Дар ин рӯз қобилияти пешгӯӣ карданатон зиёд гашта, ҳодисаҳои дар пеш истодаро беғалат эҳсос мекунед. Амалиётҳои пешгирикунандаи саломатӣ аз қабили парҳез ва маҳс фоидабахшанд. Инчунин рӯз барои ислоҳи ғалату хатогиҳо мусоид аст.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз сафарҳои дарозмуддат ва робита бо нафарони бегона тавсия дода намешавад. Барои нафароне, ки бо омӯзиш машғуланд, душвориҳо ва муноқиша бо омӯзгорон пеш меоянд. Дар оилаатон оромиву нишот дида мешавад. Масъалаҳои марбут ба тақсими мерос,  ва баргардонидани қарз ба фоидаи шумо анҷом меёбанд. Мушкилӣ дар фаъолияти нафароне сар мезанад, ки ба роҳи дур, ба шаҳрҳои дигар сафар мекунанд. Ба саломатии худ бодиққат бошед, зуд-зуд ба ҳавои тоза баромада, танҳо маҳсулоти босифат истеъмол намоед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Агар шумо ба наздикӣ ошиқ шуда бошед, ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Ҳама кор вақту соати худро дорад. Барои он ки ба ҳолати яъсу ноумедӣ ва руҳафтодагӣ гирифтор нашаведу руҳатон болидаву табъатон вайрон нашавад, бо тоату ибодат машғул шавед. Эҳтимоли хоболуд шудану хобҳои даҳшатнок диданатон вуҷуд дорад. Фишори руҳӣ, тағйирёбии вазъи ҳаво ва саросемагӣ ба саломатӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Мушкиливу камбудиҳо дар масъалаҳои вобаста ба қарз ва супоридани алимент пайдо мешаванд.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Рӯз барои ба эътидол овардани муносибатҳои заношавҳарӣ созгор нест. Эҳтимол ҳамсафари ҳаётӣ аз сусткориву ноуҳдабароии шумо шиква мекунад. Агар шумо бо волидон зиндагӣ мекарда бошед, муноқишаи калон ба амал меояд. Кӯшиш намоед, ки наздикон ба зиндагиятон дахолат накунанд, вагарна вазъият душвортар мегардад. Хатари хурӯҷ намудани бемориҳои гулӯ зиёд аст, аз ин рӯ гӯшу гарданро аз шамолхӯрӣ эҳтиёт кунед. Агар узвҳои ҳозимаатон бемор бошад, ба хӯроки худ бодиққат бошед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)


Ақрабҳои оиладор дар ин рӯз бояд ба ташаббус ва маслиҳати ҳамсафари ҳаётии худ гӯш андозанд. Агар шумо дар фикри оиладор шудан бошед, рӯзи мазкур барои сар кардани маъракаҳои арӯсӣ созгор аст. Корҳоятон бобарор мешаванд, вале ташвиши зиёд, хавотирӣ ва фишори руҳӣ асабатонро хароб месозад. Нафароне, ки аз бемориҳои музмини гурда ва рӯда азият мекашанд, бояд худро эҳтиёт намоянд. Бо сабаби риоя накардани гигиенаи шахсӣ ё истеъмоли ғизои носолим нотоб гаштанатон имкон дорад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Диққати худро барои рафъ намудани мушкилиҳои молиявӣ равона созед. Корҳои зиёди ҳалталаб доред, ки мунтазам ба таъхир мегузоштед. Вақте расидааст дар корҳоятон тартиботро ҷорӣ намоед. Қувваву имкониятатон зиёд мешавад. Қавсҳои оиладор аз рӯйи фарзандон асабонӣ мешаванд. Ба инҷиқиҳои кӯдакон гӯш надиҳед ва туҳфаҳои қиматбаҳоро харидорӣ накунед.  Қавсҳои ҳунарманд дар ин рӯз имкони ба даст овардани муҳаббати мухлисонро пайдо месозанд. Дар ин рӯз изҳори муҳаббат карданро маслиҳат намедиҳем.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз мушкилиҳои оилавӣ ва муноқиша бо наздикон табъатонро хира мегардонад. Сабру таҳаммулро пеша намоед. Хариди хона харидани мебел ва дигар ҷиҳозро маслиҳат намедиҳем. Агар шумо дӯстдошта дошта бошед, муҳаббататон бештару ба якдигар наздиктар мегардед. Ҷаддиҳои муҷаррад дар фикри издивоҷ мешаванд, вале дар интихоби бахт ба дудилагӣ роҳ дода, ҳайрон мемонанд. Охири рӯз аз лат хӯрдану афтидан эҳтиёт шавед. Нисбати волидон ба дағалӣ роҳ надиҳед. 

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Тамоми диққати худро ба оила равона созед. Корҳои нотамоматонро ба ёд биёред. Дар ин рӯз бо нафаре шинос шуданро тавсия намедиҳем, вагарна дӯсте, ки дар ин рӯзҳо пайдо мекунед, дар оянда шуморо дучори нохушиҳо мегардонад. Фаъолияти далвҳое, ки бо кори савдо машғуланд, барор оварда, маблағи хуб ба даст меоред. Барои он ки ба фиребу ғалатҳои ногувор роҳ надиҳед, дурандешона амал карда ҳар маълумотеро, ки ба даст меоред, нағзакак санҷед. Охири рӯз ба хонаатон меҳмон меояд.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз атрофиён ба суроғатон омада, дар мушкилашон аз шумо маслиҳат мепурсанд. Аз сафарҳои якҷоя бо дӯстон сарпечӣ накунед. Барои рафъи мушкилиҳои молиявӣ рӯзи созгор нест. Аз харидани чизҳои қиматбаҳо худдорӣ намоед, ҳар чизе ки дар ин рӯз харидорӣ мекунед, бесифат ё бо нархи гарон ба даст меояд. Пою зонувони худро эҳтиёт карда, аз ҷойҳои намӣ дурӣ ҷӯед. Эҳтимоли сар задани дарди сар, фишорбаландӣ, асабоният, бемориҳои гурда вуҷуд дорад. Ҳутҳое, ки барои ба даст овардани дили дӯстдоштаи худ қадами аввалро мегузоранд, бурд мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Featured Video Play Icon
اقدام “تیران”: 300 نفر تاجر اصول نو تجارت‌را آموختند (ویدیو)
-->

Ба боло