Толеъномаи 18 июни 2020, панҷшанбе

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Нимаи аввали рӯз табъатон болидаву хотиратон хуш мегардад. Барои бастани ақди никоҳ, хариди калон ва сайёҳату истироҳат рӯзи бобарор аст. Ба найрангбозиҳои пасипардагӣ роҳ надиҳед, вагарна ҳам обрӯву нуфузатонро аз даст медиҳеду ҳам аз касбу кор бенасиб мегардед. Дар давоми рӯз пасту баландшавии фишори хунро бе назорат нагузоред.

Савр (21 апрел-22 май)

Рӯзи бобарор аст. Нобарориҳоро паси сар мекунед. Душмани пинҳониятон дар роҳи шумо монеа эҷод мекунад, вале дар натиҷа худ ба доми худаш меафтад. Бо нафаре шинос мегардед, ки назари шуморо ба дунё тағйир медиҳад. Кӯмаки молиявиро аз нафаре мегиред, ки то ин дам дӯсти худ намешуморидед.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Ҳангоми пур кардани ҳуҷҷатҳо, хусусан қабл аз сафар боэҳтиёт бошед. Аз шиносоии ошиқона худдорӣ намоед, хусусан агар ба наздикӣ аз дӯстдоштаатон ҷудо шуда бошед. Он ҷароҳати чуқуре, ки дар дилатон мондааст, ҳанӯз шифо наёфтааст. Аз ин рӯ, бо тамоми ҳастӣ ошиқ шуданатон ба гумон аст. Каме нотоб гашта, бе ягон сабаб ғамгин мешавед .

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз аз нафароне, ки қалби поку дили кушод доранд, дурӣ ҷӯед. Дар ҷойи кор фиребу ғайбат имкон дорад, аз ин рӯ, ҳушёриро пеша намоед. Робита бо кӯдакон ва наберагон табъатонро болида мегардонад. Аз сафари берун аз шаҳр худдорӣ намоед , хусусан агар аз субҳ нотоб гашта бошед.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Рӯзи хубест барои бастани ақди никоҳ, хариди калон ва сайру саёҳат. Баъди нисфирӯзӣ ба касе бовар кунед. Ҳар як қадами худро дониста гузошта, ба шитобкорӣ роҳ надиҳед. Аз ҷониби нафарони зиёде дастгирӣ мебинед, вале ба комёбии садфоиза умед набандед. Ҳодисаҳои дар ҳаёти шахсиятон руходаро дар танҳоӣ рафъ карда наметавонед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз вазъи молиявиатон зери таҳдид қарор мегирад. Хусусан агар бо тиҷорат ё кашонидани бор машғул бошед. Муноқишаи дар оилаатон рухдода боиси бад гаштани муносибат бо яке аз хешовандон мегардад. Агар ради маърака шудан нахоҳед, худро ба даст гирифта, дар баъзе ҳолатҳо гузашт кунед.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Ба нафароне, ки ба дастгирии молиявӣ ниёз доранд, ҳатман кӯмак расонед. Гардишҳои ногаҳонии қисмат ва фиреб хӯрданатон дар назар аст. Барои мардоне, ки муҳаббати худро меҷӯянд, рӯзи бобарор аст. Тамоми нақшаву ниятҳоятон ҷомаи амал мепӯшанд. Саломатиятон аз вазъи ҳаво вобастагӣ дорад.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз ба чашми дӯсти наздики худ нигариста ҳақиқатро гуфтанатон боиси ранҷиданаш мегардад. Ба нафарони муҷаррад дар хона нишастанро тавсия намедиҳем. Бегоҳирӯзӣ меҳмонро аз роҳи дур интизор шавед. Барои сар кардани таъмир рӯзи бобарор аст. Баъди нисфирӯзӣ худро нотоб ҳис мекунед.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Дар ин рӯз тамоми нақшаҳоятон ҷомаи амал мепӯшад. Чунон диққатҷалбкунанда мегардед, ки касе аз наздатон бепарво гузашта наметавонад. Вазъи молиявиатон душвор мегардад, вале қарз гирифтану қарз доданро тавсия намедиҳем. Баъди нисфирӯзӣ хабаре мешунавед, ки боиси тағйир ёфтани вазъият мегардад.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз дар ғами дӯстдоштаатон чунон обу адо мегардед, ки худатон низ нотоб мегардед. Мушкили дигаронро ба дил наздик қабул накунед. Ҳол он ки ин мушкилиҳо чандон душворҳал нестанду зуд рафъ мегарданд. Бегоҳирӯзиро бо аҳли оилаи худ гузаронед.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Ба гапҳое, ки дар бораи шумо овоза шудааст, диққат надиҳед. Мушкилиҳои хурди оилавӣ табаътонро хира мегардонанд. Ба асабоният дода нашавед, вагарна вазъиятро дуруст ҳаллу фасл карда наметавонед. Хобҳои нохуш ва бад гаштани вазъи саломатиятон имконпазир аст. Шумо ба истироҳати пурра ниёз доред.

Ҳут (21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз аз хӯрокҳои серғизо худдорӣ карданатон лозим меояд. Эҳтимоли хурӯҷ намудани бемориҳои меъда ва рӯдаҳо дар назар аст. Бо ҳамсафари ҳаётӣ бо сабаби пеш омадани мушкилиҳои рӯзгор нофаҳмӣ сар мезанад. Хабаре, ки баъди нисфирӯзӣ мешунавед, табъатонро болида мегардонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *