Толеъномаи 18-уми июни соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз кӯшиш кунед, ки ғаму дардҳои аз гузашта дар дилатон ҷойдоштаро фаромӯш намоед. Хешовандон ба кӯмаки шумо эҳтиёҷ пайдо мекунанд. Агар вазъи молиявиатон хуб бошад, ба дигарон ёрӣ расонед. Одати сергапӣ ва суханчинӣ доред. Агар ин одатҳои худро тарк накунед, ба худ дарди сар мехаред.  

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз дар аввали рӯз шумо ба кӯмаки дигарон эҳтиёҷ пайдо мекунед. Қарзҳои бонкии худро саривақт пардохт намоед, вагарна мушкилӣ пеш меояду маҷбур мешавед, ки дубора пардохт кунед. Шом дар хона истоданро тавсия намедиҳем. Ба ҳавои тоза бароед ё барои харид ба мағоза равед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз аз ҳар вазъияти ногувон ба осонӣ раҳо ёфта метавонед. Барои истироҳат рӯзи мусоид аст. Ҳангоми кор дар ошхона бодиққату ҳушёр бошед. Асбобҳои барқӣ ва нӯгтезро бо эҳтиёти том кор фармоед. Ба хонаатон меҳмони нохонда меояд, аммо бо дидани ӯ чеҳраи худро тира накунед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзатон хубу хотирмон мегузарад, зеро шумо фақат истироҳат мекунед. Имрӯз кори зиёдро ба нақша нагиред, як кори муҳимро иҷро кунед, кифоя аст. Кӯдаконатон имкон медиҳанд, ки шумо орзуи деринаи худро амалӣ созед. Дар саломатиатон камбудие ба назар намерасад, аммо бепарво нашавед.  

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз асадҳоро лозим аст, ки танҳо ба нерӯи худ такя кунанд. Кори худро бар дӯши касони дигар нагузоред, зеро маълум нест, ки онҳо корро чӣ гуна ба анҷом мерасонанд. Ширинӣ истеъмол накунед, масунияти шуморо паст мекунад. Харҷи беҳуда бар зарари шумост, зеро то охири моҳ вақти зиёд аст.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз танҳо манфиатҳои худро ба назар нагиред ва дар фикри дигарон низ бошед. Дар натиҷаи имзо кардани шартнома ба шумо мукофоти пулӣ медиҳанд. Нимаи дувуми рӯз аз шахси наздикатон хабари хуш мешунавед. Аз бемориҳои сироятӣ худу наздиконатонро ҳифз кунед ва пӯшидани ниқобро фаромӯш насозед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз дар шумо хоҳиши харидорӣ кардани чизе пайдо мешавад. Ситораҳо маслиҳат медиҳанд, ки барои ин кор ба дили хеш гӯш андозед. Барои мизонҳои эҷодкор рӯзи неку бобарор аст. Аз оне ки баъзе ҳамкоронатон кори худро иҷро намекунанд, ғам нахӯред ва асабӣ ҳам нашавед. Ба дӯстони худ такя карда метавонед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Тибқи пешгӯии ситораҳо, имрӯз меҳнати зиёд мекунед, аммо хаста намешавед. Шоми худро ба наздиконатон бахшида, бо онҳо вақт гузаронед. Коре кунед, ки онҳо буданатонро ҳис кунанд. Баъди тановули хӯроки шом, оиларо сарҷамъ карда, филм тамошо кунед. Даромади иловагӣ дар назар нест.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз кӯшиш намоед, ки вақти бештари худро барои зебоиятон сарф кунед. Зебоии худро дида, рӯҳу илҳоми тоза мегиред. Ба толори маҳс ё осоишгоҳ равед, шиноварӣ кунед, ба йога машғул шавед. Не ниқоби тиббӣ гашту гузор карданро маслиҳат намедиҳем. Шомро дар ҳалқаи пайвандон сипарӣ кунед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Бо дӯстони деринаатон имрӯз мулоқот анҷом диҳед. Онҳо дар ҳалли чанд масъалаи муҳим ба шумо маслиҳат медиҳанд. Нисбати онҳое, ки барои шумо азизанд, беаҳамият набошед. Аз телефони мобилӣ зиёд истифода накунед, зеро ба чашми худ зарар мерасонед. Барои дӯстонатон дӯсти хуб бошед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз бо ҳамкасбони худ, ки қаблан ҷангу ҷанҷол карда будед, оштӣ мешавед. То лозим нашавад, ҷони худро барои ҳар кор дар хатар нагузоред. Ба хонаи хешовандонатон ташриф оред, бо онҳо суҳбат ороед, ин бароятон муфидтар хоҳад буд. Дар ҷустуҷӯи манбаи дигари даромад бошед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Шомгоҳон корҳои серташвиш ва калонро ба нақша нагиред, зеро онҳо тамоман ба таври дигар сурат мегиранд. Дар ҳама кор танҳо ба нафароне бовар кунед, ки дилпур бошанду ба боварӣ сазовор. Танқидро ба дил наздик қабул накунед. Субҳ ба варзиши сабук машғул шавед ва аз меъёр зиёд хоб накунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *