Толеъномаи 2-юми майи соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ба комёбиҳои дигарон ҳасад набурда, софдилона меҳнат кунед. Барои нигоҳ доштани меҳру муҳаббат нисбати ёратон, аз тамаъкориву манфиатҷӯӣ худдорӣ намоед. Агар дар масъалаҳои молиявӣ сари қарори дуруст омада тавонед, сарватманд мегардед. Саломатӣ ташвиш намедиҳад.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз ҳамкорон ба шумо сахт ҳасад мебаранд. Аз дастоварду зиёдшавии маоши худ ба касе чизе нагӯед. Ҳангоми ҳазлу шӯхӣ кардан андозаро нигоҳ доред. Тамоми нерӯи худро ҷамъ карда, аз ӯҳдаи рафъ сохтани мушкилиҳо ва фитнаву иғво мебароед. Аз робита бо нафарони ношинос худдорӣ намоед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Қаҳру ғазаби худро дар назди дӯстон нишон надиҳед, вагарна нафаре аз шумо сахт меранҷад. Хабар ё ҳодисаи ногаҳоние ба зиндагиятон тағйиротҳои куллиро ворид месозад. Ба дарду ғами шахси дӯстдошта ё ҳамсари худ шарик шавед. Нисбати саломатиатон бепарвоӣ зоҳир накунед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз бо нафаре шинос шуда, аз нигоҳи аввал ошиқ мешавед. Дар роҳ ба вазъияти хатарнок дучор шуданатон имконпазир аст. Дар дохили шаҳр хеле боэҳтиёт бошед. Ҳодисаҳои манфии рӯзро ба дил наздик қабул накунед. Ба ҳар коре, ки даст мезанед, нерӯи зиёдатон сарф мегардад.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз дучори мушкилиҳои муваққатии молиявӣ мегардед. Қарз гирифтану чизеро ба гарав монданро маслиҳат намедиҳем. Бо вуҷуди душвор будан, мустақилона роҳи ҳалро пайдо намоед. Дар ҳаёти оилавӣ бо рафъ намудани мушкилоти рӯзгор машғул шавед. Шом хабари ногувор мешунавед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ҳама кор дӯстони ҷонӣ дастгиру мададгоратон мегарданд. Шумо ҳатто имкони аз касе мадад пурсиданро пайдо намекунед. Муҳити оилавӣ аз чӣ гуна будани табъи сунбулаҳо вобастагӣ дорад. Агар назди худ мақсад гузоред, ба натиҷаҳои зиёд ноил мегардед. Зимни гуфтор дурандеш бошед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз ҳаҷми хароҷот ва маблағеро, ки ба даст меоред, муқоиса намоед. Эҳтимол, молеро харидорӣ мекунед, ки баргардониданаш имконнопазир мегардад. Ҳаёти шахсии худро зери назорат гирифта, дӯстдоштаи худро зиёд танқид накунед. Худатон низ танқидро ба дил наздик қабул накунед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз бо тамоми ҳастӣ ба рӯзгори пурсаодат майл мекунед. Дар ҷодаи муҳаббат аз ишқбозиҳои яклаҳзаина худдорӣ намоед, вагарна аз яке мондаву аз дигаре ронда мешавед. Хабаре мешунавед, ки ба зиндагиву вазъи қарордоштаи шумо таъсири тақдирсоз мерасонад. Имкони хубро аз даст надиҳед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз нисбати саломатии худ бодиққат бошед. Зукоми муқаррарӣ ба бемории ҷиддӣ мубаддал гардада метавонад, аз ин рӯ, сари вақт ба табиб муроҷиат карда, табобат гиред. Бештар истироҳат карда, нерӯятонро барқарор созед. Бегоҳирӯзӣ барои мулоқоти ошиқона созгор аст.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз имкони ба нафаре кӯмак расонидан ва дастгирӣ карданро пайдо менамоед. Зимни робита бо дӯстон гузашт карданро омӯзед. Бо сабаби мушкилиҳои молиявӣ ва маблағгузории бебарор дучори рӯҳафтодагӣ мегардед. Айни замон ба ҳолати яъсу ноумедӣ гирифтор шуданатон лозим нест.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Рӯз аз ҳар ҷиҳат бобарор аст. Орзуҳоятон амалӣ ва нақшаҳоятон татбиқ мегарданд. Ба ҳар гапе, ки нисбати худ мешунавед, диққат дода, рӯҳафтода нагардед. Хариди калон ба буҷаи оилавиятон таъсири калон мерасонад. Эҳтимоли рӯҳафтодагӣ ва каме нотоб шуданатон дар назар аст.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз бояд аз пайи беҳтар сохтани вазъи молиявӣ шавед. Нафароне, ки дар вазифаҳои давлатӣ фаъолият мекунанд, соҳиби вазифаи беҳтаре гашта метавонанд. Тарсу ҳароси беҳударо аз дил дур созед, он гоҳ муваффақ мегардед. Аз истеъмоли хӯрокҳои тунду шӯр муваққатан худдорӣ намоед.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *