Толеъномаи 20-уми июни соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз дар ҳаёти худ ҳеҷ навгониеро интизор набошед. Каме нотоб мешавед, бинобар ин, ба пурхӯрӣ ва корҳои вазнини ҷисмонӣ роҳ надиҳед. Дар ҷодаи муҳаббат рақиб пайдо мекунед. Ин ҷо дӯстдоштаатон тамоман гуноҳ надорад. Дар масъалаҳои пулӣ ва ҳисобу китоб ба шитобкорӣ роҳ надиҳед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз бояд масъалаи муҳимеро ҳаллу фасл кунед. Агар аз ӯҳдааш бароед, на танҳо касбу коратон пеш меравад, балки вазъи молиявиатон низ рӯ ба беҳбудӣ меорад. Сирру асрори худро ба ҳар шиносу ношинос фош накунед. Агар ба мушкилӣ тоб оварда наметавонед, пас даст ба корҳои номатлуб назанед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз бо нафаре вомехӯред, ки шуморо дар роҳи тиҷорат дастгирӣ мекунад. Ба одамони атроф боварӣ дошта бошед. Аз вохӯрии ошиқонаи имрӯза қаноатманд мешавед. Корҳои муҳимро то шом ба анҷом расонед ва нисбати бемории зуком беаҳамиятӣ зоҳир накарда, лимӯчой бинӯшед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзатон бо шунидани хабари хуш оғоз ёфта, бо табъи болида ба кор меравед. Агар хоҳед, ки дар ҷодаи ишқу муҳаббат устувор бошед, нисбати дӯстдоштаатон сахтгирӣ накунед, зеро рашки беҳуда ба ҷудошавӣ оварда мерасонад. Маблағи пулиеро, ки ба даст меоред, сарфакорона истифода баред.  

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз шуморо лозим аст, ки муносибати худро бо нафароне, ки қаблан ҷанг карда будед, беҳтар созед. Барои ҳалли мушкилиҳои имрӯза қувваатон кофӣ аст. Асадҳои оиладор бояд дар фикри ояндаи хеш бошанд. Вазъи саломатии мардҳо баъди нисфирӯзӣ каме нохуб мешавад, аммо гузаранда аст.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Агар ғами саломатиатонро хӯрда, аз одатҳои бадатон даст кашед, аз нохушиҳои зиёде эмин мемонед. Сунбулаҳое, ки мақсади оила барпо кардан доранд, бояд нисбати дӯстдоштаашон аз пештара меҳрубонтар бошанд. Дар бораи вазъи молиявиатон зиёд фикр накунед, вагарна ба беморие гирифтор хоҳед шуд.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Аз афроди бадкирдору бадхоҳ худро дур гиред. Нисбати атрофиён дасткушоду саховатпеша бошед, вале кӯшиш кунед, ки ба доми макру фиреби баъзеҳо наафтед. Дар бораи ояндаи худ зиёд фикр накунед, зеро имкониятҳои муваффақ шуданро аз даст медиҳед. Имрӯз даромади иловагӣ дар назар нест.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дилатон аз пешомади баде гувоҳӣ дода, рӯҳияатон нохуб мешавад. Дар умум, рӯз бароятон душвор паси сар хоҳад шуд. Мушкилиҳое, ки имрӯз ба саратон меоянд, чанд ҳафта шуморо тарк намекунанд. Дар танҳоӣ истироҳат кардан ба шумо фоида дорад. Шомгоҳон аз дӯсти наздикатон хабари хуш мешунавед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз вазъи молиявиатон бад мешавад. Рӯҳафтода нашуда, аз дӯстони наздики худ кӯмак пурсед. Кӯшиши гирифтани қарз аз бонкро накунед. Қавсҳои ошиқ имрӯз ошиқтар мешаванд. Агар оинаро дар хоб дида бошед, ин маънои онро дорад, ки шумо ба наздикӣ оила барпо мекунед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Нерӯи худро имрӯз беҳуда барбод надиҳед. Барои ба мақсад расидан кӯшиш кунед, ки роҳи дурустро интихоб намоед. Бо нафарони ношинос ишқварзӣ накунед, вагарна оқибат дучори мушкиливу душвориҳо мегардед. Беҳтараш, муҳаббати аслии худро ба нафаре бахшед, ки арзандаи шумову ишқатон бошад.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз танбал набошеду ҳар гуна орзуву хаёлҳои хомро аз сар дур кунед. Далвҳои оиладор бо яке аз наздикони ҳамсарашон муноқиша мекунанд. Дар ин маврид ситораҳо ба шумо оромиро тавсия медиҳанд. Ба шубҳа ва бадгумонӣ роҳ надода, ба он чизе ки наздиконатон мегӯянд, бовар кунед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Барои ҳутҳо рӯзи душвор аст, аксарият бо душворӣ аз хоб хеста, бо дили нохоҳам ба кор мераванд. Ба шумо маслиҳат намедиҳем, ки аз зиндагӣ ноумед шавед. Ба корҳои пештараатон машғул шуда, ғаму дарди ишқро фаромӯш мекунед. Ӯҳдадориҳои навро бар дӯши худ бор карда, ба худ дарди сар нахаред.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *