Толеъномаи 22-юми апрели соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз аз истеъмоли хӯрокҳои серғизо худдорӣ карданатон лозим меояд. Эҳтимоли хурӯҷ намудани бемориҳои меъдаю рӯда дар назар аст. Бо ҳамсафари ҳаётӣ бо сабаби пеш омадани мушкилиҳои рӯзгор нофаҳмӣ сар мезанад. Хабаре, ки баъди нисфирӯзӣ мешунавед, табъатонро болида мегардонад.  

Савр (21 апрел-20 май)

Ба овозаҳое, ки дар бораатон паҳн шудаанд, диққат надиҳед. Мушкилиҳои хурди оилавӣ табаътонро хира мегардонанд. Ба асабоният роҳ надиҳед, вагарна вазъиятро дуруст ҳаллу фасл карда наметавонед. Хобҳои нохуш ва бад гаштани вазъи саломатиятон имконпазир аст. Шумо ба истироҳати пурра ниёз доред.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз дар ғами дӯстдоштаатон чунон обу адо мегардед, ки вазъи саломатиатон нохуб мегардад. Мушкилиҳои дигаронро ба дил наздик қабул накунед, ҳол он ки ин мушкилиҳо чандон душвор нестанду ба зудӣ ҳалли худро меёбанд. Бегоҳирӯзиро бо аҳли оилаи худ дар сари як миз гузаронед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз тамоми ниятҳоятон ҷомаи амал мепӯшанд. Чунон диққатҷалбкунанда мегардед, ки касе аз наздатон бепарво гузашта наметавонад. Вазъи молиявиатон бад мешавад, вале қарз гирифтану қарз доданро тавсия намедиҳем. Баъди нисфирӯзӣ хабаре мешунавед, ки боиси тағйир ёфтани вазъият мегардад.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз ба чашми дӯсти наздики худ нигариста, ҳақиқатро гуфтанатон боиси ранҷиданаш мегардад. Ба асадҳои муҷаррад дар хона нишастанро тавсия намедиҳем. Бегоҳирӯзӣ меҳмонро аз роҳи дур интизор шавед. Барои сар кардани таъмир рӯзи бобарор аст. Баъди нисфирӯзӣ худро нотоб ҳис мекунед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Ба нафароне, ки ба дастгирии молиявӣ ниёз доранд, ҳатман кӯмак расонед. Гардишҳои ногаҳонии қисмат ва фиреб хӯрданатон аз имкон дур нест. Барои мардоне, ки муҳаббати худро меҷӯянд, рӯзи бобарор аст. Тамоми нақшаву ниятҳоятон ҷомаи амал мепӯшанд. Саломатиятон аз вазъи ҳаво вобастагӣ дорад.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз вазъи молиявиатон зери таҳдид қарор мегирад. Хусусан, агар бо тиҷорат ё кашонидани бор машғул бошед. Муноқишаи дар оилаатон рухдода боиси бад гаштани муносибат бо яке аз хешовандон мегардад. Агар шарманда шудан нахоҳед, худро ба даст гирифта, дар баъзе ҳолатҳо гузашт кунед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи хубест барои бастани ақди никоҳ, хариди калон ва сайру саёҳат. Ҳар як қадами худро дониста гузошта, ба шитобкорӣ роҳ надиҳед. Аз ҷониби нафарони зиёде дастгирӣ мебинед, вале ба комёбии садфоиза умед набандед. Ҳодисаҳои дар ҳаёти шахсиятон руходаро дар танҳоӣ рафъ карда наметавонед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз аз нафароне, ки қалби поку дили кушод доранд, дурӣ ҷӯед. Дар ҷойи кор фиребу ғайбат имкон дорад, аз ин рӯ, ҳушёриро пеша намоед. Робита бо кӯдакон ва наберагон табъатонро болида мегардонад. Аз сафари берун аз шаҳр худдорӣ намоед , хусусан агар аз субҳ нотоб гашта бошед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ҳангоми пур кардани ҳуҷҷатҳо қабл аз сафар боэҳтиёт бошед. Аз шиносоии ошиқона худдорӣ намоед, хусусан, агар ба наздикӣ аз дӯстдоштаатон ҷудо шуда бошед. Он ҷароҳате, ки дар дилатон мондааст, ҳанӯз шифо наёфтааст. Аз ин рӯ, бо тамоми ҳастӣ ошиқ шуданатон ба гумон аст. Каме нотоб гашта, бе ягон сабаб ғамгин мешавед .  

Далв (21 январ-18 феврал)

Рӯзи бобарор аст. Нобарориҳоро паси сар мекунед. Душмани пинҳониятон дар роҳи шумо монеа эҷод мекунад, вале дар натиҷа худ ба доми худаш меафтад. Бо нафаре шинос мегардед, ки назари шуморо ба дунё тағйир медиҳад. Кӯмаки молиявиро аз нафаре мегиред, ки то ин дам дӯсти худ намешуморидед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Нимаи аввали рӯз табъатон болида мегардад. Барои бастани ақди никоҳ, хариди калон ва истироҳат рӯзи бобарор аст. Ба найрангбозиҳои пасипардагӣ роҳ надиҳед, вагарна ҳам обрӯву нуфӯзатонро аз даст медиҳеду ҳам аз касбу кор бенасиб мегардед. Дар давоми рӯз пасту баландшавии фишори хунро бе назорат нагузоред.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *