Толеъномаи 23-юми марти соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи номусоид аст, кор кардан душвору табъатон якбора хира мегардад. Ҳамалҳои калонсол набояд мушкилиҳои ҳаётиро ба дил наздик қабул кунанд. Бемадор гаштану ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шуданатон имкон дорад. Агар дар ин рӯз бемор шавед, бемориятон тӯл кашида, давомнок мешавад.

Савр (21 апрел-20 май)

Барои хариди калон кардану бастани ақди никоҳ рӯзи мусоид аст. Нимаи аввали рӯз нобоварӣ ва парешониятон боиси нофаҳмиҳои хурд мегардад. Дар ин рӯз ба кӯмаки дӯстони ҷонӣ ниёз пайдо намуда, боварӣ ҳосил мекунед, ки дӯстон оинаи якдигаранд. Ба дарди рӯдаву меъда бепарвоӣ зоҳир накунед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи бобарор аст, тамоми корҳоятон натиҷаи хуб медиҳанд. Саргузашти ошиқона ё вохӯрии хотирмон имкон дорад. Барои харид кардану таъмири хона рӯзи мусоид аст. Бо нақлиёти худ сафар карданро маслиҳат намедиҳем. Баъди нисфирӯзӣ худро каме нотоб ҳис мекунед. Нисбати саломатии азизонатон беаҳамиятӣ накунед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз пулро сарфа кунед, вагарна қарибии бегоҳ ҳамёнатон холӣ мегардад. Қарзи калон гирифтану маблағгузорӣ карданро тавсия намедиҳем. Барои он ки дар ҷодаи муҳаббат ба ғалат роҳ надиҳед, дӯст доштан ё надоштани худро муайян намоед. Нафарони дилкасал худро бояд эҳтиёт кунанд.  

Асад (23 июл-22 август)

Рӯзи душвор аст. Ҳодисаҳои ногаҳонии зиёд имкон доранд. Мушкилии муҳимеро ҳал карданатон лозим аст, ки аз он касбу коратон дар оянда вобастагӣ дорад. Барои муваффақ гаштанатон бо рақибон мубориза бурданро омӯзед. Агар нафареро дӯст медошта бошед, ишқи навро ба дил роҳ надиҳед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Агар хоҳед, ки чизе садди роҳи хушбахтиятон нагардад, дар бораи нақшаҳои худ ба касе нақл накунед. Барои бепул намонданатон аз хариди чизҳои гаронбаҳо худдорӣ намоед. Нафарони эҷодкор даромади начандон калон ба даст меоранд. Бо нафаре, ки ба наздикӣ шинос шуда будед, муносибатҳоятон наздик мешавад.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дурандешӣ ва нақшаи тарҳрезишуда комёбӣ меорад. Душманон дар сари роҳатон чоҳ кандан мехоҳанд, агар фориғболӣ намоед, рақибон ба мақсади нопоки худ мерасанд. Аз ҷониби нафаре изҳори муҳаббат мешунавед, ки чанд сол аз шумо калон аст. Барои баланд шудани масуният аз хоб сер шуданатон лозим аст.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Агар дар ин рӯз чанд соатро дар танҳоӣ гузаронед, мушкилиҳои зиёдеро рафъ мекунед. Ба гапҳое, ки нисбати худ мешунавед, бодиққат бошед. Хусусан, ба ҳарфи нафарони оқилу воломақом гӯш андозед. Хурӯҷ намудани бемориҳои музмин имкон дорад, аз ин лиҳоз, ба назди духтур рафтанатон ҳатмист.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Вазъи молиявиатон аз сифати кори шумо вобастагӣ дорад. Бо наздикони худ бештар робита намуда, масъалаҳои тақсими меросро ҳал кунед. Андаке худро нотобу бемадор ҳис мекунед. Агар дили нозук дошта бошед, ба ҳолати яъсу ноумедӣ гирифтор мегардед. Нисбати мушкилии наздиконатон бетараф набошед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи душвор аст. Агар сари қарори муҳиме наоед, коратон барор намегирад. Дар бораи пайдо намудани кору хубу сердаромад фикр карданатон лозим меояд, зеро вақтҳои охир аз бепулӣ асабҳоятон хароб гаштаанд. Нисбати дӯстдошта ё ҳамсари худ рашки беҳуда накарда, ишқатонро бо меҳрубонӣ нишон диҳед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар касбу кор ва муносибатҳои оилавиятон мушкилӣ сар мезанад. Ӯҳдадориҳои худро ба дӯши дигарон бор накарда, мушкилиҳои сарзадаро ба дил наздик қабул накунед. Саломатии худро эҳтиёт кунед. Агар дар ин рӯз бемор шавед, шифо ёфтанатон душвор ва оқибати ногувор ба бор меорад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Тамоми гапу коратонро дар ин рӯз атрофиён ба таври дигар қабул мекунанд. Хусусан, дар ҳузури нафарони ношинос хомӯш бошеду аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед. Баробари гирифтани ҳаққи хизмат мушкилии молиявиатон рафъ мегардад. Дағалгуфторӣ ва қаҳру ғазаб боиси ранҷидани азизонатон мегардад.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *