Толеъномаи 24-уми июни соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз дар зиндагиатон нофаҳмиҳо ба вуҷуд омада, то чанд муддат боқӣ хоҳанд монд. Одобу ахлоқи тоҷиконаро ҳатман риоя кунед. Бо қадамҳои хурд ғалабаҳои бузург ба даст овардан ғайриимкон аст. Танбалӣ накарда, кӯшиш намоед, ки бештар кор кунед. Шом ба хонаатон бехабар меҳмон меояд.  

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯзро барои зебоии худ бахшед. Ба кошонаи ҳусн ё сартарошхона рафта, мӯйи саратонро ба тартиб дароред. Дилатон пур бошад, зеро имрӯз ба шумо хатаре таҳдид намекунад. Барои ба бозор ё мағоза рафтан рӯзи бобарору нек аст. Маслиҳат медиҳем, ки аз харидани чизу чораи нолозим худдорӣ намоед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Ташвишҳои шумо имрӯз аз ҳаррӯза бештар мешаванд. Таваҷҷуҳ кунед, ки дар ҳаёти шумо чӣ аз ҳама муҳимтар аст ва бо он чӣ кор мекунед. Муваффақият ҳамроҳатон аст, бинобар ин, далерона аз паи амалӣ кардани хоҳишҳоятон шавед. Даромади иловагӣ дар назар аст, аммо на ба миқдори зиёд.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз кӯшиш кунед, ки оромона рафтор кунед ва нисбат ба ҳар касу ҳар чиз бетараф набошед. Даре, ки ба рӯйи шумо баста буданд, хоҳиши дубора кушоданро накунед. То ба чашми худ набинед, ба суханҳое, ки дар бораи дӯстонатон мегӯянд, бовар накунед. Бештар помидору бодиринг истеъмол намоед.  

Асад (23 июл-22 август)

Агар дар ҳаёти худ тағйирот ворид кардан мехоҳед, пас рӯз барои ин кор мувофиқ аст. Ба истироҳат рафтанро ба шумо тавсия намедиҳем. Баръакс, истодагарӣ карда, бо иродаи оҳанин ба пеш ҳаракат кунед. Ба реҷаи хӯрокхӯрии худ аҳамияти ҷиддӣ диҳед ва вобаста ба мавсим ғизо истеъмол намоед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Агар хоҳед, ки ҳадафи худро ба осонӣ ба даст оред, фақат имрӯз зудбовар бошед. Ба курсҳои такмили ихтисос рафта, савияи дониши худро баландтар бардоред. Таҷрибаи андӯхтаатон дар оянда ба шумо лозим хоҳад шуд. Саломатиатон ташвиш намедиҳад, аммо ин маънои онро надорад, ки нисбат ба он бепарво бошед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз ба шумо ҷойи кори нав пешниҳод мекунанд. Саросема нашуда, аввал аз имкониятҳояш пурсон шавед. Ба тамошои табиат бароед, пушаймон нахоҳед шуд. Рафтан ба ҷангали беодам ва давидан дар ҳавои тоза ба шумо илҳоми тоза мебахшад. Даромади иловагӣ дар назар нест, аз ин рӯ, сарфакор бошед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз шумо бояд корҳои одиеро иҷро кунед, ки фикрониро талаб накунанд. Шахси наздикатон ба шумо лаҳзаи гувороеро фароҳам меорад, ки беҳад хушҳол мешавед. Ситораҳо мегӯянд, ақрабҳои ошиқ шомро ҳамроҳи дӯстдоштаашон дар ягон тарабхонаи барҳавою мӯҳташам сипарӣ кунанд, хуб мешавад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Барои омӯзиш рӯзи хуб аст. Бо нафарони дорои касбу кори гуногун шинос мешавед ва онҳо маслиҳатҳое медиҳанд, ки дар оянда ба шумо лозим хоҳанд шуд. Ҳамчунин, бо ин роҳ шумо ҳолати рӯҳии инсонҳоро фаҳмида метавонед. Дағалона рафтор накунед, зеро баъдан эҳсоси пушаймонӣ хоҳед кард.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз шуморо лозим аст, ки ҳамкорони худро бодиққат гӯш кунед. Кӯшиш намоед, ки ҳамаи масъалаҳои кориро бар дӯши худ нагиред, балки онро дастаҷамъона ҳал кунед. Сирри ногувореро пайдо мекунед ва худатон медонед, ки бо он чӣ кор кунед. Ҳоҷати ба дигарон нақл кардану маслиҳат пурсидан нест.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз бо баъзе дӯстонатон робитаро дубора барқарор мекунед. Нафароне, ки дар ҷустуҷӯи кори дигар ҳастанд, беҳтараш самти фаъолияташонро дигар кунанд. Аз нишон додани истеъдоди худ шарм надоред ва наҳаросед. Шояд нафаре пайдо мешаваду барои рушди истеъдоди шумо кӯмак мекунад.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки имрӯз дар ҳама соҳаҳои ҳаёт эҳтиёткор бошед. Душманони худро нодида нагиред, зеро онҳо ба шумо зарар расонида метавонанд. Барои амалӣ намудани хоҳишҳои худ пайваста талош варзед. Эҳтимоли рух додани ҷанҷол миёни шумову хешовандонатон вуҷуд дорад.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *