Толеъномаи 25-уми июни соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ҳамалҳоро зарур аст, ки ба касе бовар накунанд. Аз беэҳтиётӣ миёни шумову дӯстони наздикатон мушкилиҳо пеш омада метавонанд. Дар ҷои кор беҳтараш бетараф бошед ва аз баён кардани андешаатон худдорӣ намоед. Даромади иловагӣ дар назар аст, аммо ба миқдори на он қадар зиёд.  

Савр (21 апрел-20 май)

Лоиҳаҳои муҳимро ба рӯзи дигар ба таъхир гузоред. Корҳоро чуноне ҳаст, ҳамон тавр гузоред, вагарна душвориву мушкилӣ пеш меояд. Давоми рӯз шуморо мушкилиҳои ғайричашмдошт интизор аст. Бо сухандониатон имрӯз нафаронеро ба зери итоати худ медароред, ки дар гузашта ҳеҷ дӯсташон намедоштед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Пинҳонӣ орзу карданро бас кунед. Имрӯз барои амалӣ шудани ана ҳамин орзуҳои пинҳонии шумо рӯзи мувофиқ аст. Ҳамсар ё дӯстдоштаатон  шуморо бо туҳфаи ногаҳоние шод мегардонад. Ба аёдати онҳое биравед, ки дербоз надида будед. “Инсон бо дуо месабзад” гуфтаанд, дуои пиронро ҳатман гиред.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Аз ҳар касу ҳар чиз шубҳа карда, монеи пешравии корҳои худ нашавед. Барои коре, ки бояд ба қарибӣ ба анҷом расонед, қувваи кофӣ ҷамъ намоед. Вақти он расидааст, ки пулро беҳуда сарф накунед ва аз дилхушиву айшу ишрат ба пуррагӣ даст кашед. Аз пайи корҳое шавед, ки ба шумо фоида оранд, на зарар.  

Асад (23 июл-22 август)

Барои оғози корҳои нав рӯзи неку бобарор аст. Ба кор дода шуда, наздиконатонро фаромӯш накунед, зеро онҳо дар хона шуморо мунтазиранд. Шом дар ҳалқаи пайвандон бошед ва барояшон худатон хӯрок омода кунед. Асадҳои муҷаррад ҷуфти муносиби худро пайдо мекунанд ва тӯй низ дар назар аст.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар муошират бо дӯстони дӯстонатон эҳтиёткор бошед. Ҳатто агар тавонед, худро аз онҳо дур гиред. Аз ҳад зиёд хӯрок нахӯред, вагарна аз дарди меъда азият мекашед. Шоми худро дар толори варзишӣ гузаронед. Боварӣ дорем, ки бо рӯҳияи тоза ба хоб рафта, субҳи дигар бо нерӯи дучанд ба кор меравед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Мизонҳо имрӯз аз касеву чизе дилгир намешаванд. Бо бадӣ мубориза бурданатон шарт нест. Танҳо бадонро аз худ дур кунед ва ба зиндагии орому ҳақиқӣ рӯ оред. Субҳи барвақт пиёдагардӣ кунед. Ҳам асабатон ором мешавад ва ҳам имкон пайдо мекунед, ки дар бораи ояндаатон дар танҳоиву оромӣ дурусттар фикр кунед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз кори зиёд пайдо мешавад, вале на ҳамаи ақрабҳо хоҳиши кор карданро пайдо мекунанд. Танбалу коргурез шудаед, аз ин одати бад дурӣ ҷӯед. Аз иҷрои корҳои вазнин наҳаросед, зеро онҳо натиҷаи хуб меоранд. Ба худ иҷоза надиҳед, ки ғамгин бошед ва дар гирдоби фикрҳои бад ғӯтта занед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯз барои қавсҳо хубу бобарор аст, аммо саволҳои зиёд майнаи шуморо гиҷ мекунанду ба худ ҷавоб мехоҳанд. Ба организми худ гӯш диҳед, ки чӣ мехоҳад. Агар ба бемориҳои роҳи нафас гирифтор бошед, беаҳамиятӣ накарда, саривақт ба духтур муроҷиат намоед ва аз пайи табобат шавед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Агар дар дилатон шубҳа ҷой дошта бошад, аз нафарони наздикатон дар ҳеҷ бобате маслиҳат напурсед. Дертар худатон ҳамаашро фаҳмида мегиред. Нимаи дувуми рӯз хабари хуш мешунавед, ки шуморо рӯҳбаланд мекунад. Парво накунед, ки киҳо дар бораи шумо чӣ фикр мекунанд. Бо ақлу заковати худ зиндагӣ кунед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Ба онҳое, ки шуморо ба тиҷорат ҷалб кардан мехоҳанд, бовар накунед, зеро натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда наметавонед. Шумо аз ӯҳдаи чунин корҳо намебароед, бинобар ин, аз пайи коре шавед, ки худатон дӯст медоред. Танҳо ба таҷрибаи худ такя кунед, чунки маслиҳати дигарон заррае ба шумо кӯмак намекунад.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз ҳодисае рух медиҳад, ки муҷиби ғамгинии шумо мегардад. Наздиконатон барои фаҳмидани ҳақиқати ҳол ба шумо кӯмак кардан мехоҳанд. На танҳо дар кор, балки дар ҳаёт низ масъулиятро ҳис кунед. Дер ё зуд ба коре даст мезанед, ки худатон интизораш набудед. Даромади иловагӣ муваққатан дар назар нест.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *