Толеъномаи 25-уми марти соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз дар ҳама кор андозаро нигоҳ доред. Яку якбора аз пайи чанд кор нашавед ва ҷисману рӯҳан худро хаста нагардонед. Ҳамзамон, ба пурхӯрӣ ва дилхушӣ роҳ надиҳед, ин ба фоидаи шумо нахоҳад буд. Нисбати нафарони калонсоли оила ва авлод муваққатан сабру таҳаммулро пеша намоед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Рӯзи душор аст, аксари саврҳо аз имтиҳони ҳаёт мегузаранд. Комёбӣ танҳо насиби нафароне мегардад, ки нақшаи корҳои худро мустақилона тарҳрезӣ мекунанд. Дар дилатон хоҳиши бо нафаре дарди дил кардан пайдо мешавад. Беҳтараш ин корро накунед, вагарна изтироби шадидеро аз сар мегузаронед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи номуайян аст. Бурбдориву нокомӣ пайи ҳам меояд. Дар робита бо дӯстон дучори мушкилӣ мешавед. Дар ҳаёти шахсӣ дилсардиву ноумедӣ сар мезанад. Вале диққати зиёди худро ба ҳаёти шахсӣ равона насозед, вазъият ба зудӣ тағйир меёбад. Дар ҳама кор ба ақлу заковати худ бовар кунед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ягон кор шитоб накунед. Дар ин рӯз ба комёбиҳои назаррас ноил гаштанатон душвор аст, вале метавонед нағзакак дам гирифта, бо нафароне, ки бароятон азизанд, вақт гузаронед. Нафароне, ки ҷои кор надоранд, имкони пайдо кардани кори табъи дилро пайдо месозанд. Эҳтимоли асабӣ шуданатон зиёд аст.

Асад (23 июл-22 август)

Агар муваффақ шудан мехоста бошед, мустақилона амал кунед. Бо касе ҳамкорӣ кардан душвор мешавад, ҳатто бо шиносҳои дерин. Нофаҳмиҳои солҳои пешин аз худ дарак медиҳанд, беҳтараш коҳи куҳнаро бод надиҳед. Эҳтимоли бад шудани вазъи молиявӣ дар назар аст, дар сарф кардани пул андозаро нигаҳ доред.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз имкони истироҳат карданро пайдо мекунед. Нерӯи худро беҳуда сарф накунед. Нафароне аз худ дарак медиҳанд, ки замоне ҳамкории зич доштед. Эҳтимоли оштӣ шудан бо нафаре вуҷуд дорад, ки чанде қабл бо сабабҳои ночиз муноқиша карда будед. Ба нуқтаи назари дигарон вобаста нашавед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи душвор аст, бояд хеле эҳтиёткор бошед. Дар робита бо нафароне, ки шахсияташонро хуб намешиносед, зуд хулосабарорӣ накунед. Нофаҳмиҳое, ки бо наздиконатон сар мезананд, ба зудӣ рафъ мегарданд. Шумо дар ҳама кор тартибу низомро мепарастед, вале дар ин рӯз ба мақсад расида наметавонед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз кӯшиши тағйир додани чизеро накунед, вазъият бар зидди шумост. Бо наздикону дӯстон нофаҳмӣ имкон дорад. Вазъияти сарзадаро бо истодагарӣ ва субот бартараф сохта метавонед. Бонувонро лозим аст, ки ба саломатии худ диққати хоса зоҳир намоянд. Мардҳо дӯстони беҳтарини худро аз даст дода метавонанд.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Фаромӯш насозед, ки на ҳамеша рӯзу рӯзгори мо ба хайру шодӣ ҷараён мегирад. Зиндагӣ пастиву баландиҳои зиёде дорад, ки сабурона паси сар кардан мебояд. Ба коре, ки аз ӯҳдааш баромада наметавонед, даст назанед. Ба хастагӣ роҳ надиҳед, вагарна ба саломатиятон таъсири манфӣ мерасонад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Нерӯи тоза ва андешаҳои ҷолиб табъатонро болида месозанд. Дар ҷодаи муҳаббат низ муваффақ мегардед, вале ба сари дӯстдоштаи худ фармонфармоӣ накунед. Дар ҳама кор андозаро нигоҳ доред. Эҳтимол, маҳз дар ҳамин рӯз имкони амалӣ сохтани орзуву омолеро пайдо мекунед, ки вақтҳои охир дар фикраш будед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Вазъи молиявӣ тағйир намеёбад. Даромади ногаҳонӣ имконпазир аст, вале пули бе дарди миён ба осонӣ сарф мешавад. Барои мардоне, ки бо тиҷорат машғуланд, рӯзи бобарор аст. Бонувон дар ҷодаи муҳаббат муваффақ мешаванд. Дар хоб дидани ришта ё мӯй шаҳодати он аст, ки шумо бо роҳи нодуруст қадам мегузоред.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯзи тағйирёбанда аст. Ҳодисаҳои хуш бо нохушиҳо пайи ҳам омада, бурдбориву муваффақият ба даст оварда наметавонед. Кӯшиши бартараф намудани ҳодисаҳои ногувори рӯзро накунед, вазъият аз иродаву хоҳиши шумо вобастагӣ надорад. Ягона коре, ки иҷро карда метавонед, ба саломатӣ диққат додан аст.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *