Толеъномаи 25-уми ноябри соли 2021

 Ҳамал

Дар ин рӯз навигариҳои аҷибро интизор шавед. Каме нотоб гаштанатон эҳтимол дорад, аз ин рӯ, баъди шом чойи гарм нӯшида, дар шароити мусоид хоб кунед. Дар ҷодаи муҳаббат на танҳо ҳасудон, балки рақибон пайдо мешаванд. Боварӣ ба дӯстдоштаатон муносибатро қавӣ мекунад. 

Савр

Дар ин рӯз масъалаи душвореро рафъ карданатон лозим меояд, ки аз он на танҳо пешравиҳо дар касбу кор, балки вазъи молиявиатон вобастагӣ дорад. Сиру асрори худро ба нафаре, ки шуморо дӯсти худ намешуморад, фош насозед. Ба фишори руҳӣ ва дигар мушкилиҳо тоб оварда наметавонед, аз ин рӯ, ба корҳои номатлуб даст назанед.


Ҷавзо

Бо нафаре вомехӯред, ки шуморо дар тиҷорат дастгирӣ мекунад. Бештар ба одамон бовар кунед, касеро дар хиёнату фиреб гунаҳкор накунед. Вохӯрии ошиқона табъатонро болида месозад. Корҳои муҳими худро то бегоҳирӯзӣ ба анҷом расонед. Ба ҳолати яъсу ноумедӣ афтиданатон боиси вайрон гаштани муносибат бо атрофиён мегардад.

Саратон

Субҳи имрӯз бо хабарҳои хуш оғоз ёфта, бо воқеаҳои хотирмонаш табъатонро болида месозад. Дар ҷодаи муҳаббат агар муносибатҳои мустаҳкамро нигоҳ доштан хоҳед, ба дӯстдоштаи худ гузашт карданатон лозим меояд. Ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёт бошед. Ба баҳсу мунозира бо наздиконатон хотима бахшед.

Асад

Муносибати худро бо нафаре, ки ба наздикӣ муноқиша карда будед, беҳтар созед. Имрӯз қувваву имкониятҳоятон барои амалҳои ҷавонмардона кифоя аст. Нафарони оиладор бояд ояндаи худро пешбинӣ карда, эҳсосоти худро идора намоянд. Бегоҳирӯзӣ вазъи саломатии мардҳо нохуб мегардад.

Сунбула

Агар ғами саломатии худро хӯрда, аз одатҳои бад худдорӣ намоед, аз нохӯшиҳои зиёде халосӣ меёбед. Нафароне, ки дар фикри бунёди оила ҳастанд, бояд нисбати дӯстдоштаи худ меҳрубону ғамхортар бошанд. Аз ҳад зиёд ғами мушкилиҳои молиявиро хӯрда, гирифтори асабхаробӣ мегардед

Мизон

Аз нафарони бадхоҳу бадкирдор худро дур гиред. Нисбати атрофиён саховатманду дилкушод буданатон хуб аст, вале ба доми нафарони дилсиёҳ афтиданатон имкон дорад. Дар бораи ояндаи худ зиёд фикр карда имкониятҳои мувафақ шуданро аз даст медиҳед. Нафароне, ки ба коллективи нав ворид мегарданд, душворӣ мекашанд.

Акраб

Рӯзи душвор аст. Ҳолати руҳиятон нохуб буда, дилатон аз пешомади баде гувоҳӣ медиҳад. Тағйиротҳои ногуворе, ки дар ин рӯз сар мезананд, чанд ҳафтаи дигар шуморо тарк намесозанд. Худро руҳану ҷисман хаста насозед. Барои истироҳат кунҷи танҳоӣ ихтиёр намоед. Баъди нисфирӯзӣ дӯсти наздикатон хабари хуш мерасонад.

Қавс

Дар ин рӯз вазъи молиявиатон хуб мегардад, аз ин рӯ, ба дӯстону наздикон кӯмак расонидан лозим меояд. Ба ҳеҷ ваҷҳ ба нафарони нобовар қарз надиҳед. Қавсҳои ошиқ ошиқтар мешаванд. Хоби дар ин рӯз дидаатон баъди як ҳафта амалӣ мешавад. Дар хоб дидани оина аз оиладор шудан дарак медиҳад.

Ҷаддӣ

Нерӯи худро сарф накунед, онро эҳтиёт кунед. Барои расидан ба мақсад на танҳо роҳи кутоҳ, балки муфидро интихоб намоед. Бо нафароне, ки хуб намешиносед, ба муносибатҳои ошиқона роҳ надиҳед, вагарна дучори мушкиливу душвориҳо мегардед. Беҳтараш муҳаббати асили худро ба шахсе бубахшед, ки арзанда бошад.

Далв

Дар ин рӯз ба танбалӣ роҳ надиҳеду орзуҳои хомро аз сар дур созед. Агар шумо оиладор бошед, бо яке аз наздикони ҳамсафари ҳаётӣ муноқиша имкон дорад. Дар ин маврид ором шаведу тавре рафтор кунед, ки қалбатон мегӯяд. Ба зихнагӣ ва шубҳаву гумони бад роҳ надиҳед. Ба наздикони худ бовар кунед.

Ҳут

Рӯзи душвор аст, аксарияти ҳутҳо бо душворӣ ба кор мераванд. Ба ҳолати яъсу ноумедӣ гирифтор шуданро маслиҳат намедиҳем. Ӯҳдадориҳои навро ба дӯши худ бор накунед. Бо корҳои пештараи худ машғул шуда, ғами ишқро фаромӯш мекунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *