Толеъномаи 27-уми марти соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Баъзе ҳамалҳо аз як қисми мушкилиҳои ҷамъшуда халосӣ меёбанд. Аз робита бо нафароне, ки найрангбозанд, дурӣ ҷӯед. Бахтатон баландӣ мекунаду мушкилоти молиявиро рафъ месозед. Нафаронеро, ки дар ҷустуҷӯи ҷои нави корӣ ҳастанд, барор интизор аст. Муноқишаро ба ҳамсафари ҳаётӣ рафъ месозед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Саврҳо дар ин рӯз ӯҳдадориҳои аввалиндараҷаи худро бояд осонтар намоянд. Дар ин сурат, нерӯи зиёдатон сарф нашуда, эҳсоси хастагӣ намекунед. Қувваву асабҳоятонро эҳтиёт кунед. Муноқишаи оилавӣ ё нофаҳмие, ки бо ҳамкоратон сар мезанад, ҳамчунин, мушкилоти рӯзгор нерӯи зиёдро талаб менамоянд.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз ба ҳама дасти кӯмак дароз кардану ба насли наврас дарси одоб омӯхтан мехоҳед. Рӯз барои оғози идеяҳои эҷодӣ ва тиҷоратӣ созгор нест. Нафароне, ки дар ҷустуҷӯи ҷои нави корӣ ҳастанд, бояд эҳтиёткор бошанд, зеро эҳтимоли ба доми фиребгарон афтиданашон вуҷуд дорад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар рафтору кирдори баъзе аз саратонҳо дудилагӣ ва тарс эҳсос мегардад. Сабаби ба эҳсосот дода шуданатон чорабиниҳои зиёди дар пеш истода аст. Сабаби сар задани асабониятро муайян намуда, роҳҳои бо он мубориза бурданро пайдо намоед. Дӯсти беҳтарини худро хабар гирифта, дарди дил кунед.  

Асад (23 июл-22 август)

Асадҳо дар фикри зудтар сарватманд шудан, дили нафареро ба даст овардан, аз вазни зиёдатӣ халос шудан ва курсии роҳбариятро соҳиб шудан мешаванд. Қабл аз амал кардан хатарҳои эҳтимолиро дида бароед. Нафароне, ки ба наздикӣ бемориеро аз сар гузаронидаанд, бояд бори дигар аз назорати табибон гузаранд.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз ба шитобкорӣ роҳ надиҳед. Фикри ҳамин рӯзи худро кунед ва саломатиро назорат намоед. Аз нафарони бадқаҳр ва рӯҳафтода дурӣ ҷӯед. Агар нафаре аз наздиконатон дар ҳоли душвор қарор дошта бошад, ҳатман ба ӯ кӯмак расонед. Ба нафарони муҷаррад ба шахсони ношинос бовар карданро тавсия намедиҳем.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Зодагони мучали мизон дар ин рӯз каме инҷиқ мешаванд. Ба орзуву умеде, ки муддати дароз дастнорас буд, ноил мегардед. Дар касбу кор зиндадил буданатон лозим аст. Ҷидду ҷаҳди шумо аз чашми роҳбарият дур намемонад. Вазъи молиявиатон чандон бад нест, вале хариди калон накунед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Аксари ақрабҳо ба муваффақияти бузурги касбӣ умед баста метавонанд. Эҳтимоли гирифтани мукофотпулӣ ё вазифаи хуб вуҷуд дорад. Нафароне, ки дар рухсатии меҳнатӣ қарор доранд, беҳтар аст, ки бо тозаву тамиз кардани хонаву дар машғул шаванд. Нафарони муҷаррадро лозим аст, ки андаке хушмуомила бошанд.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз бепарвоӣ зоҳир накунед. Бо вуҷуди он ки комёбиро ба даст оварданатон осон аст, бо тамоми қувва кор кунед. Бегоҳирӯзӣ чизе садди роҳи истироҳати шумо намегардад. Барои мағозагардӣ, фитнес ё сайругашт дар боғ рӯзи мусоид аст. Рӯз барои интихоб намудани мошин созгор нест.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз ақидаву пешниҳодҳои ҷолиби ба саратон омадаро дар амал татбиқ карда наметавонед. Ба шумо ҳамкору ёрдамчиёне лозиманд, ки дар амалӣ сохтани ин ақидаҳо кӯмак расонанд. Имкониятҳои мусоидро аз даст надиҳед, аз дӯстони худ кӯмак пурсида, ба маслиҳатҳояшон гӯш диҳед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Рӯзи тағйирёбанда аст. Шуморо лозим меояд, ки ба вазъият мутобиқ шавед. Эҳтимоли сар задани муноқиша бо шахси дӯстдошта, ҳамсафари ҳаётӣ, фарзандон ё волидон вуҷуд дорад. Агар ба гузашт кардан омода бошед, сазовори муҳаббату эҳтиром мегардед. Вазъи молиявиатон чандон бад нест.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Нафарони оиладор нақшаи ба ҷои дигар кӯчидан ё иваз намудани хонаи худро мекашанд. Бо волидони куҳансолатон мушкилиҳо сар мезананд, эҳтимоли нотоб шуданашон зиёд аст. Бо вуҷуди пеш омадани душвориҳо бояд сабур бошед, зеро мушкилиҳои сарзадаро танҳо худатон рафъ сохта метавонед.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *