Толеъномаи 28-уми марти соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи бобарор аст. Қисмати бештари рӯзро дар робита бо пайвандону наздикон сипарӣ менамоед. Оғӯши шахси дӯстдошта дилатонро ба зиндагӣ гармтар месозад ва худро хушбахт ҳис мекунед. Дар ин рӯз нӯшидани чойи талх ё қаҳва, нӯшокиҳои сахтгазноккардашударо тавсия намедиҳем.  

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз барои аксарият рӯзи серташвиш мешавад. Муносибатҳоятон бо хешовандони дур барқарор гашта, дар оянда фоидаи зиёд меоранд. Эҳтироми атрофиён нисбати шумо меафзояд. Барои муноқиша кардану баҳсу мунозира рӯзи бебарор аст. Саврҳо дар ин рӯз бояд аз ишқбозӣ худдорӣ намоянд.   

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз ҷисману рӯҳан худро хуб ҳис мекунед. Аз шиносоии наве, ки дар ҳаёти шумо нақши ҳалкунандаро мебозад, худдорӣ намоед ва нагузоред, ки ба касе вобаста бошед. Хоби дидаатонро ба касе нагӯед, он ба наздикӣ амалӣ мешавад. Беморие, ки дар ин рӯз пайдо мешавад, табобаташ тӯл мекашад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз дар ҳама кор якравӣ мекунед. Ақидаи ғалати худро пайгирӣ намуда, сабаби чунин рафтори худро ба касе фаҳмонидан намехоҳед. Ин амали шумо ба наздиконатон писанд намеояд ва боиси муноқиша мегардад. Вазъи молиявии худро беҳтар месозед. Хоби дидаатон ҳамин рӯз амалӣ мешавад.  

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз набояд ба ғалат роҳ диҳед. Тамоми рафтор, гуфтор ва ҳатто андешаҳоятонро зери назорат гиред. Муваққатан вазъи молиявии худро беҳтар сохтан муяссаратон мегардад. Ба нафароне, ки ба сафару саёҳат мебароянд, боэҳтиёт буданро тавсия медиҳем, зеро хатари ҷароҳат бардоштанашон зиёд аст.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи пурнишот аст. Фазои идона фароҳам оварда натавонед ҳам, бо наздикон сари як пиёла чой ҷамъ омада, худро аз онҳо канор нагиред. Аз ҳамагуна фаъолнокӣ худдорӣ намоед, вагарна дучори монеаҳо шуда, саломатиро аз даст медиҳед. Воқеаҳои имрӯзро ҳамчун санҷиши қисмат қабул кунед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Мушкилиҳо яке пайи ҳам пайдо шуда, барои рафъ карданашон вақту қувваи зиёд сарф карданатон лозим меояд. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид аст. Аз хасташавӣ ва корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Ташвиши зиёд ва заҳмати дандоншикан боиси бад шудани вазъи саломатиятон мегардад.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз бонувон бо шарофати ақли расову саховатмандияшон ба дили бисёриҳо роҳ меёбанд. Мардҳоро дар корҳои вобаста ба сохтмон ё эҷодиёт душвориҳо пеш меояд. Ба саломатиятон хатари на он қадар бузург таҳдид мекунад. Ба ҳар ҳол, аз корҳои вазнини ҷисмонӣ ва корҳои хатарнок худдорӣ намоед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзро бо наздикони худ сипарӣ намоед. Нисбати саломатии худ бодиққат бошед. Барои рафъ намудани бемориҳои музмин чораҳои пешгирикунандаро андешед. Агар дар иҷрои коре азоб мекашида бошед, кӯмаки дӯстону наздиконро рад накунед. Вазъи молиявиатон бад нест, вале хариди калон накунед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз аз ғайбат кардани нафаре худдорӣ намоед, вагарна дигарон низ шуморо ғайбат мекунанд. Имрӯз нерӯи баланд доред ва тамоми мушкилиҳоро паси сар карда метавонед. Дар муносибатҳои шахсӣ ва оилавиятон душвориҳо сар мезананд. Танҳо дар корҳои нек ба кӯмаки нафаре умед баста метавонед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз аз ҷониби бадхоҳон фишор ва ба саломатиятон хатар таҳдид мекунад. Эҳтимоли ба доми туҳмату буҳтон печиданатон вуҷуд дорад. Зимни робита бо одамон боэҳтиёт бошед, нафарони тасодуфиро ба худ наздик насозед ва аз шиносоиҳои нав роҳи гурез ҷӯед. Ба саломатии наздикон диққат диҳед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Ягон кори ҷиддиро ба нақша нагиред. Вақте расидааст, ки каме истироҳат кунед. Агар чунин имкониятро надошта бошед, танҳо корҳои муҳимро иҷро карданатон кифоя аст. Мардҳо бояд танҳо нафарони арзандаро дар атрофи худ гирд оваранд, вагарна бо мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *