Толеъномаи 29-уми марти соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Мушкилиҳои зиёде сар мезананд, ки дар танҳоӣ бояд аз ӯҳдаашон бароед. Оташин нашавед ва саросема сари қароре наоед. Аз комёбиву дастовардҳо ва хариди кардаатон ба касе лоф назанед, вагарна бадхоҳону нотавонбинон табъатонро хира месозанд. Нисбати саломатии худ бодиққат бошед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз танҳо бо корҳои хубу хуш машғул шавед. Агар бо нафаре созиш карда натавонед, кӯшиши ба ин нафар бо хирагӣ наздик шуданро накунед. Бо шарикони корӣ сари қароре омадан муяссаратон мегардад. Барои кӯдаконатон диққати бештар равона карданатон лозим меояд.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи бобарор аст. Тамоми монеаву санҷишҳоеро, ки садди роҳатон мешаванд, паси сар мекунед. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Ҳангоми кор бо асбобҳои барқӣ ва бурранда эҳтиёткориро сарфи назар накунед. Ӯҳдадориҳоятонро ба дӯши дигарон бор карда, ба худатон дарди сар эҷод мекунед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз ба кӯмаки ҳамкорон ва шиносҳоятон ниёз пайдо карда, ҳатман онро мегиред. Ҳамзамон, рӯзи хубест барои муносибатҳои ошиқона. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед, хатари ҷароҳат бардоштан ё хурӯҷ намудани бемориҳои куҳна имконпазир аст. Робитаро бо нафарони ношинос қатъ намоед.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз ҳам дар касбу кор ва ҳам дар муносибатҳои ошиқона бурд мекунед. Баъзеҳоро вохӯрии ногаҳонӣ ё шиносоии нав интизор аст. Эҳтимол, ба хонаатон меҳмон меояд. Дар масъалаҳои пулӣ корҳоятон хуб ҷараён мегиранд. Аз ҷониби нафаре, ки дӯсти наздик мешуморидед, хиёнат мебинед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи хеле номусоид аст. Аз нобарориҳо асабатон хароб мегардад. Танҳо ба қувваи худ умед бандеду ба умеди кӯмаки нафаре нашавед. Рафту аз ҷониби нафаре дастгирӣ бинед, инро ҳамчун туҳфаи тақдир қабул кунед. Дар масъалаҳои ошиқона барои ба хулосаи қатъӣ омадан ҳанӯз барвақт аст.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи бобарор аст. Тамоми санҷишу монеаҳоро убур мекунед. Нафароне, ки ба тозагӣ ба ҳаётатон ворид мегарданд, зиндагиятонро то як андоза тағйир медиҳанд. Барои заҳматҳои кашидаатон имрӯз мукофотпулӣ мегиред. Дар ҷойи кор нисбати ҳамкорони худ дағалӣ ва бадгуфториро раво набинед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи бобарорест барои нафароне, ки бо тиҷорат сару кор доранд. Муваффақият насиби нафароне низ мешавад, ки бо корҳои роҳбарикунанда машғуланд. Аз муноқиша бо шахси дӯстдоштаатон худдорӣ намоед ва бо хӯрдагириҳои худ ҷонашро ба лаб наоред. Ақрабҳои муҷаррад ошиқ мешаванд.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз нисбати саломатӣ хеле бодиққат бошед. Монеаҳои зиёде садди роҳатон мешаванд, ки дар рафъ намуданашон душворӣ мекашед. Аз ҳамагуна қаҳру ғазаб худдорӣ намоед, зеро баробари ба ғазаб омадан нофаҳмиву зиддиятро эҳсос мекунед. Истироҳати бофароғат тану рӯҳатонро болида месозад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Бо шахси дӯстдошта ё нафари калонсоли оила каме муноқиша имкон дорад. Сабаби асосии нофаҳмӣ дар он аст, ки шумо якдигарро фаҳмида наметавонед. Барои оштӣ шудан бояд аввалин шуда, шумо қадам гузоред. Давоми рӯз мисли оҳанрабо нафарони бадро ҷалб менамоед. Бемориҳои пешина хурӯҷ мекунанд.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз саломатии худро эҳтиёт кунед. Аз хасташавӣ, корҳои вазнини ҷисмонӣ ва амали хатарнок худдорӣ намоед. Барои пешгирӣ намудани бемориҳои музмин чораҳои пешгирикунанда андешиданатон лозим аст. Дар хоб дидани раъду барқ ё борон нишонаи он аст, ки шумо мавқеи худро аз даст медиҳед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Даромади пулӣ ё хариди калон имкон дорад. Рӯзи бобарор аст, ба шарте ки пешакӣ онро ба нақша гиред. Дар муносибатҳои ошиқона ягон нобарорӣ дида намешавад. Вохӯриҳои корӣ ва ҷаласаҳоро нимаи аввали рӯз ба анҷом расонед. Нафароне, ки аз бехобӣ азият мекашанд, каме худро нотоб ҳис мекунанд.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *