Толеъномаи 30 январи 2020, панҷшанбе

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Агар то ба ин рӯз пайваста аз душвориҳои ҳаёт нолида воҳима мекардеду қалбатон пур аз нафрат буд, акнун зиндагиро дигаргуна оғоз менамоед. Рӯзатон сермаҳсул ва корҳоятон бобарор мешавад. Аз сардор таъриф мешунаведу ҳамкорон аз шумо ибрат мегиранд.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз ба саломатии худ диққат диҳед. Агар нишонаҳои шамолхӯриро эҳсос намоед, дарҳол чора андешед. Бо нафарони бароятон ношинос робита накарда, дар бораи ҳаёти шахсӣ ба касе чизе нақл накунед. Чанд пешниҳоди хуби корӣ мешавад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Субҳи имрӯз нофаҳмову саргум меояд. Корҳои хонаро бо вуҷуди муҳим буданашон ба таъхир гузоштан лозим меояд. Дар ҷойи кор виҷдон ва масъулиятнокӣ имкон намедиҳад, ки уҳдадориҳои худро ба ҳамкорони бетаҷриба бовар кунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз пайваста асабонӣ шуда, оташи қаҳру ғазаби худро ба сари ҳар нафари пешомада фурӯ мерезед. Чунин амалатон боиси мушкиливу муноқишаи зиёд мегардад. Ҳалиму боилтифот бошед, он гоҳ сардор коратонро қадр мекунад.

Асад (23 июл-23 август)

Ҳар қадаре ин субҳ барвақт аз хоб бархезед, ҳамон андоза корҳои бештарро ба сомон мерасонед. Дар ин рӯз ба ҷое кӯчидан, харид ва вохӯриҳои корӣ бобарор анҷом мебанд. Шахси дӯстдоштаатон пешниҳоди издивоҷ мекунад. Мушкилии молиявиатонро дӯсти наздик рафъ месозад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз хоҳиши ягонаи шумо аз одаму олам гурехтану дар ҷое истироҳат карда, ҳамаро фаромӯш сохтан аст. Бо чунин табъи гирифта босифат кор намекунед. Дар ҷой кор бояд руҳафтодагиро аз худ дур намоед, вагарна аз мукофотпулӣ бенасиб мемонед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Муҳаббати афсонавӣ баногаҳ дар қалбатон лона мегузорад. Агар шумо муҷаррад бошед, ошиқ шуданатон хуб аст. Дар акси ҳол, боэҳтиёт бошед ва бо ҳар нафари пешомада ишқбозӣ накунед. Ҷаласаву вохӯриҳои корӣ бобарор анҷом меёбанд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ба ҷое дер накунед, вагарна нақшаву ниятҳоятон амалӣ намегарданд. Барои омӯзиш ва табобат рӯзи мусоид аст, имкониятро аз даст надиҳед. Барои изҳори муҳаббат рӯзи хуб нест.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ҳангоми тахт намудани ҳуҷҷатҳо хеле бодиққат бошед. Модоме имзои шумо муҳим аст, ба ғалат роҳ надиҳед. Аз даст додани маблағ ва ба доми ҳаннотону иғвогарон афтиданатон имкон дорад. Агар оқилу корчаллон бошед, нобарориҳоро паси сар мекунед Дар акси ҳол, коратон ба судбозӣ мерасад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз нерӯи ҷӯшзанандаи худро ба ҳар кори ночиз сарф накунед. Қувваи шумо барои корҳои неку тақдирсоз лозим меояд, аз ин лиҳоз ҳушёриро аз даст надиҳед. Баъди ҳодисае, ки боиси сардшавии робита бо наздиконатон гаштааст, бояд мустақилона роҳи созиш пайдо намоед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Агар шумо муҷарраду дӯстдошта дошта бошед, вақте расидааст, ки оила бунёд намоед. Дар бораи як хеши раҳдуратон хабари нохуш мешунавед. Мушкилиҳои зиёди вобаста ба пулро рафъ сохтанатон лозим меояд.

Ҳут (21 феврал-20-март)

Дар ин рӯз дар олами орзуҳои ширин парвоз карда, тамоми рӯз ханда аз лабатон дур намегардад. Тамоми ғалату камбудиҳои дар ҳуҷҷатҳо пайдошударо мустақилона рафъ месозед. Агар муҷарраду ҷавон бошед, барои издивоҷ карданатон саросема нашавед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *