Толеъномаи 4-уми апрели соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Аввали рӯз хабарҳои зиёд мешунавед ва дар кори муҳиме муваффақ мегаред. Бо вуҷуди барор нагирифтани коратон, рӯҳафтода нашавед. Нимаи дуюми рӯз ҳодисаҳои ногувору дилмондагӣ имкон дорад, ҳатто бо нафарони наздиктарини худ забон ёфтанатон мушкил мешавад. Масъалаҳои муҳимро ба таъхир гузоред.  

Савр (21 апрел-20 май)

Рӯзи душвор аст. Табъи хушро нигоҳ доштан мехоҳед, вале бо душворӣ муваффақ мегардед. Вазъиятро идора кардан бароятон имконнопазир мегардад. Баъзе саврҳо коре мекунанд, ки баъдан пушаймон мешаванд. Хатоҳои пешинаи худро такрор накунед ва аз таҷрибаи бегонаҳо истифода баред.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Агар нақшаи бузург дошта бошед, аз субҳ барои амалӣ сохтанаш омодагӣ бинед. Рафту кореро ба таъхир гузоред, ҳеҷ гоҳ онро амалӣ намесозед. Нимаи дуюми рӯз барои суҳбатҳои бемаънӣ ва баҳсу мунозира созгор аст. Баъзе ҷавзоҳо сирру асрори худро ба нафаре фош месозанд, ки барояшон дӯст нестанд.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи бобарор, самарабахш ва аҷиб аст. Корҳоятон зиёд мешаванд, вале шумо аз чизе шикоят намекунед, чун барои чӣ заҳмат кашидани худро хеле хуб дарк менамоед. Ҳатто нафарони танбал дар ин рӯз хеле хуб меҳнат мекунанд. Нимаи дуюми рӯз шиносоиҳои гуворо ва изҳори муҳаббат имконпазир аст.  

Асад (23 июл-22 август)

Рӯзи бад нест. Дар корҳои зиёди худ муваффақ мегардед. Аксаран дар ин кор дилёбии шумо нақш мебозад. Шумо ба атрофиён маъқул ҳастед, шуморо дастгирӣ мекунанд. Вале баъзан атрофиён бо меҳрубонии худ аз ҳад мегузаронанд ва имкон намедиҳанд, ки мустақилона амал намоед. Ба садои қалби худ гӯш диҳед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи серташвиш бошад ҳам, онро душвор номидан мумкин нест. Яке ҷуръат надорад, дигаре амал кардан намехоҳаду мунтазири вазъияти мусоид меистад, сеюмӣ ба қувваи худ шубҳаи зиёд дорад. Таҷрибаи пештар андӯхтаатон фоидабахш мегардад. Ғалатҳои пешинаи худро дубора такрор накунед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Мушкилиҳои сарзадаро бо табъи болида рафъ созед. Имрӯз ҳар душворие, ки пеш меояд, бобарор бартараф сохта метавонед. Хеле муҳим аст, ки ба шитобкорӣ роҳ надиҳед, хусусан, агар дар танҳоӣ амал мекарда бошед. Кунҷкобиятон имкон медиҳад, ки маълумотҳои даркориро ба даст биёред.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Аз нобарории корҳо рӯҳафтода нашуда, ба пеш амал намоед. Бо устуворӣ ба натиҷаи назаррас ноил мегардед. Дар робита бо атрофиён сабур бошед. Аз фишору ҳуҷум худро ҳимоя намуда, ба нафароне, ки аз хубиятон истифода бурдан мехоҳанд, имкон надиҳед. Нимаи дуюми рӯз барои корҳои муҳим созгор аст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи серташвиш аст, шуғлҳои аҷиб пайдо мекунед. Кӯшиши ба анҷом расонидани ҳама корро накунед, диққати худро ба корҳои муҳимтарин равона созед. Зимни робита бо нафароне, ки бароятон азизанд, бо дағалӣ роҳ надиҳед. Ҳарфҳои ноҷои гуфтаатон сабабгори муноқишаву хафагӣ мегардад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ҳамагуна масъалаҳои муҳимро нимаи аввали рӯз ҳаллу фасл намоед. Ҳар нофаҳмие, ки дар муносибатҳои шахсиатон вуҷуд дорад, сари вақт рафъ намоед, вагарна хафагӣ зиёд мегардад. Наздикон ба меҳрубониятон ниёз доранд, вақти бештари худро бо онҳо сипарӣ намоед. Барои хариди калон рӯзи мусоид нест.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Аввали рӯз серташвиш меояд. Дар ин рӯз диққати бештари худро ба корҳои бегонаҳо равона сохтанатон лозим меояд. Бо ҳамин сабаб нақшаҳоятон тағйир ёфта, сахт ба ғазаб меоед. Кӯшиш намоед, ки нафарони азизтарини худро дар сари қаҳр озор надиҳед. Баъзе далвҳо корҳои муҳимро бо сари баланд иҷро мекунанд.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Аз субҳи содиқ худро ба даст гиреду ба эҳсосот дода нашавед. Дар умум рӯзи бобарор аст. Корҳои зиёдатонро ба анҷом мерасонед, ҳатто аз ӯҳдаи корҳое, ки чанд муддат пеш дастнорас буданд, баромада метавонед. Нимаи дуюми рӯз хабарҳои хуш мешунавед, аз нафарони бароятон азиз хушхабар меояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *