Толеъномаи 5-уми апрели соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи ниҳоят душвор аст. Рӯҳафтодагиро эҳсос карда, танбал мешаведу ба ҳодисаҳои атроф бетафовут менигаред. Ин ҳолати шумо то даме давом мекунад, ки ҳодисае таваҷҷуҳатонро бедор созад ва зиндадилу серҳаракат шавед. Дар ҳаёти шахсӣ аз хиёнату фиреб ва туҳмат эҳтиёт шавед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Рӯзи душвор аст. Нобарориҳо аз ҳар тараф пайдо шуда, табъатонро хира месозанд. Аз дигарон вобаста буданатон эҳтимол дорад, аз ин рӯ, танҳо буданатон беҳтар аст. Аз атрофиёни худ ранҷида, дамдузд мешавед ва ҳатто нақшаи интиқом мекашед. Ҳар як қадами худро андешида гузоред, хусусан, дар масъалаҳои пулӣ.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Барои ба даст овардани касбу кори деринтизор заҳмати зиёд кашиданатон лозим меояд. Аз дастгирии нафарони воломақом истифода бурда, ҳунару маҳорати худро дар амал нишон диҳед. Раҳмдилиятон боиси рафъи муноқиша бо дӯстдоштаатон мегардад. Мардҳоро вохӯрие дар пеш аст, ки боиси пушаймонӣ мегардад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Саратонҳои муҷаррад бахти худро дар ин рӯз пайдо месозанд. Барои он ки ба бахти шумо чашми бад нарасад, бурдбориҳои худро ба ҳама нақл накунед. Нафароне, ки ба сафари хизматӣ мебароянд, ташвиши зиёд ба сарашон меояд. Қаҳру ғазаби худро ба касе нишон надиҳед, хусусан, ҳангоми робита бо нафарони ношонос.  

Асад (23 июл-22 август)

Рӯзи хубест барои маъракаву ҷашнҳо, хостгорӣ ва бастани ақди никоҳ. Нафароне, ки ба тозагӣ тиҷорати худро боз кардаанд, бояд хеле фаъол бошанд. Вазъи молиявиатон мӯътадил набошад ҳам, кафолати он ки маблағ ба даст меоред, вуҷуд дорад. Ҳар қадаре шумо некандеш бошед, ҳамон қадар орзуҳоятон амалӣ мешаванд.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Ҳодисаи асосии рӯз бо ҷойи коратон алоқамандӣ дорад. Мушкилиҳои молиявӣ, ташвишу рӯҳафтодагӣ табъатонро хира месозанд. Аз муноқишаи ногаҳонӣ, ки оқибати ногувор меорад, худдорӣ намоед. Барои он ки бемор нашавед, ба сифати ғизои мехӯрдаатон диққати аввалиндараҷа диҳед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз ба бахилии пинҳонӣ ва ҳуҷуми рӯирости душманон омода бошед. Имрӯз дар хотиратон дергоҳ нақш мебандад, аз ин рӯ, сабру таҳаммулро пеша намуда, ба воҳима наафтед. Фишори рӯҳиятонро танҳо мулоқоти ошиқона рафъ месозад ва мӯътақид мегардед, ки ишқу муҳаббат мӯъҷизаофар аст.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз иродаву хислати устувори худро нишон доданатон лозим меояд, то ки ба ҳуҷуми атрофиён ҷавоби арзанда дода тавонед. Пешниҳоди хуби кориро рад накунед. Пулҳоятонро барои ниёзи фарзандон ва доруворӣ сарф кардан лозим меояд, вале дар ҳамин ҳол низ пулро сарфа карданатон лозим аст.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи санҷишу имтиҳон аст. Ба назаратон чунин менамояд, ки атрофиён ба асаби шумо расида, ғазабатонро меоранд. Андаке нофаҳмӣ бо шахси дӯстдошта боиси муноқишаи калон ва ҳатто сабаби ҷудо шуданатон мегардад. Ҳисобу китоби боандеша аз мушкилиҳои ҷиддии молиявӣ эмин медорад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Бо вуҷуди пуртоқативу поквиҷдониятон имрӯз бо сабаби камтаҷрибагӣ ба муваффақият ноил намегардед. Бо ҳамкорон ё наздикон нофаҳмӣ рух медиҳад. Дар ягон кор таваккал накунед, вагарна сахт пушаймон мешавед. Хусусан, дар масъалаи саломатӣ танҳо бо тавсияи табибони ботаҷриба амал намоед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Мушкилиҳои молиявиатон бобарор анҷом меёбанд. Муваффақият шуморо дар корҳои тиҷоратӣ ҳамсафар мегардад. Меҳнати зиёд мекунед ва натиҷааш хотиратонро шод мегардонад. Аз ҷониби дӯстдоштаатон норизогиву танқид дида мешавад, вале ин чизҳо наметавонанд хотири шуморо озурда созанд.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Ҳодисаҳои ногувори нимаи аввали рӯз боиси фишори рӯҳӣ ва аз даст рафтани нерӯи зиёдатон мегардад. Дучори иғвогариву беилтифотии атрофиён мегардед. Ба дағалии атрофиён бо дуруштӣ посух нагӯед, оромона аз пайи кори худ шавед. Дар ин шабу рӯз тамоми диққати худро ба тозагии хонаву дар равона созед.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *