Толеъномаи 6-уми июни соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз барои муносибатҳои ошиқона рӯзи нек аст. Ба вохӯрӣ равед, шиносҳои нав пайдо намоед ва муносибатҳои романтикиро зиёдтар кунед. Кӯдаконатон ба мушкилӣ дучор мешаванд ва агар онро ба зудӣ ҳал накунед, то дер давом карда, дарди саратон мешавад. Чанд муддат аз қанди сафеду шакар парҳез кунед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз шиносҳои нав пайдо мекунед, аммо ба онҳо бовар карда наметавонед. Ин на кори тақдир, балки нобоварии худи шумост. Барои ҷавоб додан ба ҳаргуна саволҳои бемазмун вақтатонро сарф накунед. Ҳар савол дар охир ҷавоби худро пайдо хоҳад кард. Аз ширкати сайёҳӣ чипта харида, ба истироҳати тобистона равед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз шумо дар миёни обу оташ мемонед. Дар сари қаҳру ғазаб аз пеши худ ба коре даст назанед ва аз кӯмаки дӯстони наздикатон истифода баред. Нимаи дувуми рӯз корҳоятон барор мегиранд ва натиҷаи дилхоҳро ба даст меоред. Худро аз офтоби сӯзону пурнури тобистон ҳифз кунед, зеро бемор шуданатон мумкин аст.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз барои муносибатҳои оилавӣ ва дар ҳалқаи пайвандон будан рӯзи хуб аст. Барои пешбурди тиҷорат низ рӯзи бобарор аст. Аз рӯйхати дӯстони худ чанд нафарро берун мекунед. Хонаводаи шумо маҳорати ошпазиатонро санҷидан мехоҳанд, барояшон беҳтарин хӯрокро омода кунед.  

Асад (23 июл-22 август)

Корҳоеро, ки тани танҳо аз ӯҳдаашон намебароед, ба рӯзи дигар ба таъхир гузоред. Ин ба фоидаи шумо хоҳад буд, зеро худатон ҳам медонед, ки танҳо коре карда наметавонед. Худро аз ҳад зиёд инсони хоксору заминӣ нишон надиҳед. Ҳамоне бошед, ки дар асл ҳастед. Дар фикри саломатиатон бошед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз дар шумо ҳам ҳисси хуб ва ҳам ҳисси ногуворро дидан мумкин аст. Бо онҳое, ки ҳамавақт дастгиру мададгоратон буданду бароятон азизанд, баҳсу мунозира накунед, чун оқибати хуб надорад. Вазъи молиявиатон хеле хуб мешавад, аммо дар як миҷа задан пулро ба боди фано надиҳед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз шуморо лозим меояд, ки назар ба рӯзҳои гузашта фаъолтар бошед. Сирру асрори худро ба ҳамкоронатон нагӯед, зеро ҳар як сухани шуморо бар зидди худатон истифода карданашон мумкин аст. Саросема шуда, ба дағалӣ роҳ надиҳед, зеро баъдан эҳсоси гуноҳу пушаймонӣ хоҳед кард.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз гуфтушунидҳо ва қабули қарорҳои нисбатан муҳим дар назар аст. Агар дербоз дар орзуи васеъ кардани доираи дӯстонатон будед, имрӯз барои иҷрои ин кор мувофиқ аст. Дар роҳи рост ҳастед, дар ин масъала хотиратон ҷамъ бошад. Ба кор дода шуда, оилаи худро аз хотир набароред.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ба муваффақиятҳои худ шубҳа накарда, миёнро мустаҳкам бандеду аз паси кор шавед. Имрӯз рӯзи шумост ва ҳеҷ нобарорие дар назар нест. Қавсҳои муҷаррад бо нафаре вомехӯранд, ки аз роҳи дур маҳз ба хотири ишқи шумо омадааст. Барои тоза кардани организми худ зиёдтар оби тоза нӯшед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз эҳтимол дар чанд кор иштибоҳ мекунед, аммо оқибати ҷиддиву хатарнок ба вуҷуд намеояд, хавотир набошед. Қарорҳои иловагӣ қабул кунед ва масъулияти бештарро бар дӯши худ гиред. Шуморо лозим аст, ки хомӯш наистода, барои ҳимояи нафари наздикатон садо баланд кунед ва ӯро ҳимоя намоед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз корҳои ҷамъшударо ба сомон расонида, барои рӯзҳои баъдӣ нақшаҳои навро тарҳрезӣ кунед. Барои амалӣ кардани баъзе корҳо аз роҳу усулҳои муосир истифода кунед. “Ман” нагӯед, зеро касе бо “ман” гуфтан соҳиби чизе нашудааст. Ҳамеша “мо” бигӯед ва ба нафарони боваринок такя кунед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дер боз мехостед, ки ба кори дигар гузареду муҳити кории худро дигаргун созед. Дар ин рӯз шумо хостаи худро амалӣ карда метавонед. Аммо агар аз шумо сахт хоҳиш кунанд, ки коратонро тарк накунед, бори дигар фикр карда бароед. Аз оне ки ин қадар умри худро ба коратон бахшидед, ифтихор кунед.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *