Толеъномаи 7-уми майи соли 2020

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз сабрро пеша намуда, қаҳри худро ба сари наздикон нарезед. Вазъият душвор гашта, табъатон нохуш мегардад. Зиндагии якрангу бемаънӣ табъи дили ҳамалҳои орзупарвар нест. Каме аз аз корҳоятон дур гашта, дар ҳавои тоза сайр намоед ва оташи меҳру муҳаббатро дар қалбатон зиёд гардонед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз нақшаву ниятҳои худро ба касе нагӯед, зеро дарди дил кардан бар зарари шумост. Серкорӣ ба саломатиятон беасар намемонад, беҳтараш витамин истеъмол кунед. Ҳодисаи тасодуфӣ ба ҳаёти шахсиятон бетаъсир намемонанд. Бо табъи хира ба роҳ набароед, вагарна ба ҳолатҳои ногувор гирифтор мешавед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Обрӯи худро бояд дар байни ҳамкорон баланд бардоред. Ба дигарон иҷозат надиҳед, ки аз таҷрибаи шумо истифода кунанд. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ аз ташхис гузаштану хун супориданатон лозим аст. Пешгирии беморӣ табобати онро осон мегардонад. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид нест.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз аз ҷониби нафароне, ки чанде қабл кӯмак карда будед, миннатдорӣ мешунавед. Дастгириву маслиҳати шуморо қадр мекунанд. Корҳои молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меоранд ва чизҳои даркориятонро харидорӣ карда метавонед. Дӯстдоштаатонро лаҳзае аз худ дур насозед, вагарна пушаймон мешавед.  

Асад (23 июл-22 август)

Барои он ки робитаатон бо дӯстдоштаатон хубтар гардад, бояд якдигарро дарк карда тавонед. Албатта, ин кори осон нест, вале таҳаммулу меҳрубонӣ дар ин кори душвор кӯмакрасони шумо мегарданд. Тахайюлоти худро ба кор бурда, ба дӯстдоштаатон туҳфаи хотирмон тақдим намоед. Ба сафар баромаданатон имкон дорад.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Бо сабаби он ки имрӯз атрофиён нисбати шумо дағал ҳастанд, аз муноқишаву низоъ амон намеёбед. Беҳтараш аз робитаи зиёд худдорӣ намуда, ба баҳсу мунозира роҳ надиҳед ва аз танқид кардани атрофиён низ худдорӣ намоед. Муносибати нави ошиқонаатон пароканда мегардад, вале шумо набояд рӯҳафтода гардед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи серташвиш ва бебарор аст. Бо сабабҳои гуногун муноқишаву низоъ имкон дорад. Эҳтимоли сар задани садамаи нақлиётӣ имкон дорад. Сафари корӣ бобарор анҷом меёбад. Аз ҷониби ҳамкорони ботаҷриба кӯмаку дастгирӣ мебинед. Шом даромади иловагӣ ба даст оварда, аз дӯстдоштаатон хабари хуш мешунавед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи хубест бари рафъ намудани мушкилиҳои молиявӣ ва нияту нақшаҳои деринаатон. Дар ҷойи кор ба саросемагӣ роҳ надиҳед, вагарна бо мушкилиҳои зиёд дучор мегардед. Бо нафаре шинос мешавед, ки маслиҳатҳои судманд медиҳад. Барои харид ва рафъи мушкилиҳои рӯзгор рӯзи мусоид аст.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Кӯшиши якбора тағйир додани тақдир барор намеорад. Баръакс, аз вайрон шудани нақшаҳоятон асабӣ мешавед. Дар ин рӯз қарз гирифтанро тавсия намедиҳем. Маълум нест, ки шумо қарзҳоятонро кай бармегардонед. Беҳтар мебуд, ки қавсҳои муҷаррад ба ҷойи мулоқоти интернатӣ ба мулоқоти рӯ ба рӯ раванд.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯзро бо дӯстдоштаатон гузаронидан мехоҳед. Бо сабаби серкорӣ тамоман аз нафари бароятон азиз дур гаштаед. Ба тарабхона рафтан, истироҳат дар гӯшаи табиат ё муҳити ороми хона ба фоидаи шумост. Кори вазнини баъди нисфирӯзӣ хастаатон месозад, вале маблағи хуб ба даст оварда, табъатон болида мегардад.

Далв (21 январ-18 феврал)

Бо корҳое, ки фоидаи каму дилхушӣ намеоранд, машғул нашавед. Хариду фурӯши хона бобарор анҷом меёбад. Муҳимаш он аст, ки дар тахт намудани ҳуҷҷатҳо ба ғалат роҳ надиҳед. Барои табобат, харидани либос ва асбобу анҷоми рӯзгор маблағи зиёд сарф мекунед. Ба коре, ки ба ояндаатон таъсири манфӣ мерасонад, даст назанед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз табъатон гирифтаву аз ҳад зиёд ҷиддӣ мешавед. Беҳтараш диққати худро ба лаҳзаҳои дилхушкунандае, ки дар ин рӯз зиёд мешаванд, равона созед. Аз қиморбозӣ худдорӣ карданатон хуб аст, вале дар сурати каме таваккал намудан пули хуб ба даст меоред. Барои харидани туҳфа ба дӯстдоштаатон рӯзи мусоид аст.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *