Толеъномаи 9-уми апрели соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи хубу сермаҳсул аст, барои фикрҳои мағшуш вақт пайдо намекунед. Ба гузашта салавот гӯед, он гоҳ коратон барор мегирад. Мушкилии асосии рӯз бӯҳрони шадиди молиявӣ аст. Аксари ҳамалҳо қарзҳои куҳнаро бармегардонанду боз қарз мегиранд. Бодиққат бошед, аз хароҷоти барзиёду хариди калон худдорӣ намоед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз ба таваккал роҳ надиҳед. Ба атрофиёни худ бодиққат назар намоед. Эҳтимол, нафароне шуморо иҳота намудаанд, ки некиро аз эшон интизор шудан маъно надорад. Аз доираи ин нафарон дур шавед. Хабари ногувор табъатонро хира мегардонад. Ба эътибор гирифтани камбудиҳои худро омӯзед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз ба нафароне, ки хуб намешиносед, дарди дил накунед. Бо вуҷуди муносибати хуб доштани атрофиён, аз ҳад зиёд содадил нашавед. Имрӯз ба нафаре аз нигоҳи аввал ошиқ мешавед. Беҳуда кӯшиши гурехтанро накунед, ин муҳаббати асил аст. Барои беҳтар сохтани муносибат бо ҳамкорон ботаҳаммул буданатон лозим аст.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Қабл аз он ки ба мағозаву бозор меравед, рӯйхати чизҳои даркориро тартиб дода, бо аҳли оила маслиҳат кунед. Ба ҷои сарфи беҳудаи пул кардан беҳтараш муносибатҳоятонро бо атрофиён беҳтар кунед. Нафаре кӯшиши ҷанг андохтани шумову дӯстдоштаатонро мекунад. Беҳтараш ба садои қалби худ гӯш андозед.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз зудбоварӣ ва одамгурезӣ накунед, вагарна дучори мушкилиҳо дар ҷойи кор ва оила мегардед. Баъди нисфирӯзӣ асабиву дарундор гашта, табъатон дучанд хира мегардад. Коре карда, ин ҳиссиёти манфиро аз худ дур созед, вагарна нафареро сахт меранҷонед, ки баъдан оштӣ шуданатон душвор мегардад.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Ягон ҳодисаи муҳим рух намедиҳад. Ба имкониятҳои нави пулкоркунӣ боэҳтиётона назар кунед. Бо нафароне, ки бароятон азизанд, муноқиша накунед. Ба дарду ғами атрофиён шарик буданатон хислати хуб аст, аз ин рӯ, саховатпешаву самимӣ бошед. Нофаҳмиҳое, ки дар муносибатҳои ошиқона рух медиҳанд, муваққатианд.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи серташвиш аст. Агар дар касбу кор тағйирот ворид карданӣ бошед, инро ба таъхир нагузоред. Вохӯрӣ бо дӯстон ва наздикон хушнудии зиёд ато мекунад. Барои он ки саломатиятон бад нагардад, аз корҳои вазнини ҷисмонӣ ва хасташавӣ худдорӣ намоед. Сайругашт дар ҳавои тоза ва ҳаммоми гарм ба фоидаи шумост.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз бонувонро шиносоиҳои наву аҷиб интизор аст. Эҳтимол, ба нафаре дил мебандед, ки бо ҳам дар як ҷо кор мекунед. Мардҳо бояд аз пайи рафъ намудани мушкилоти ҳаёти шахсии худ шаванд. То даме, ки барои хонуми худ тамоми шароитҳоро муҳайё карда наметавонед, аз ӯ талаби бисёр накунед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Барои бо нафаре баҳсу муноқиша кардан ва рафъ намудани нофаҳмиҳо рӯзи созгор нест. Бо кӯмаки ҳамкорон ба муваффақияти молиявӣ ноил мегардед. Нисбати нафароне, ки дӯсташон медоред, бодиққат бошед. Барои расидан ба муваффақияти комил оромӣ ва сабру таҳаммул доштанатон лозим аст.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ягон тағйироти ҷиддӣ рух намедиҳад. Аз ӯҳдаи корҳои нав баромада, қарзҳои куҳнаатонро месупоред. Ба маслиҳати дӯстону наздикон гӯш андозед. Хусусан, дар ҳолатҳое, ки мустақилона аз ӯҳдаи коре намебароед, маслиҳати эшон айни муддао мегардад. Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо касе шинос нашавед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Рӯзи бобарор аст. Ҳамагуна нақшаву ниятҳоятон давомнок гашта, барои пешравӣ дар касбу кор ё масъалаҳои молиявӣ таҳдевори хуб мегарданд. Барои харид кардан саросема нашавед, зеро хариди кардаатон дар ин рӯз бебарор ва пулҳоятон ба боди фано мераванд. Хобҳоятон амалӣ мешаванд.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз бо шумо баҳс кардан душвор мегардад, зеро нуқтаи назари худро пайгирӣ намуда, ҳатто дар масъалаҳое, ки чандон огаҳӣ надоред, якравӣ мекунед. Бо ин сабаб муноқиша ба амал меояд. Тамоми рӯз асабӣ бошед ҳам, кӯшиш намоед ба муноқиша роҳ надиҳед. Хушбахтона, барои муносибатҳои ошиқона рӯзи бобарор аст.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *