Толеъномаи 9-уми октябри соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Агар дар пеши Шумо ягон ҳамкоратон хандад, ин маънои онро надорад,ки ба ҳоли Шумо механдад. Вақтҳои охир хеле ҳассос шудаед ва ин бар зарари кор аст. Шояд яке аз сабабҳояш бепулӣ бошад. Ба дӯстдоштаатон тез тез тӯҳфа равон накунед, ӯ феъли азхудравиро дорад.

Савр (21 апрел-20 май)

Агар бардошти кори вазнинро надоред, хубтараш ба иҷрои корҳои сабук даст гиред. Имрӯз барои муносибати ошиқона рӯзи хубест.Саломатии Шумо хуб аст, танҳо нафароне ки мегӯянд саломатиатон хуб нест, онҳо ба баҳо додани саломатии шумо ҳақ надоранд, зеро ҳар кас саломатии худро худаш медонад.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Ба аҳли оила баъди гирифтани маош хариди зиёдатӣ накунед, зеро моҳи гузашта барои Шумо моҳи камдаромад буд. Агар барои саломатии аҳли оила каме маблағ ҷудо кунед, хуб мешавад. Ҳамсояҳоятон дар бадии Шумо нестанд, ба онҳо қошу қавоқ овезон кардан намебояд. Дар рӯзҳои истироҳатӣ худро бароҳат ҳис карда, барои рафтан ба бозор тайёрӣ бинед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Саратонҳо имрӯз корҳоеро анҷом медиҳанд, ки кайҳо боз дар нақша доштанд. Дӯстдоштаатон шояд имрӯз аз Шумо ранҷад, ба саратонҳои мард аввал оштӣ шуданро тавсия медиҳем ва ба саратонҳои ҷинси латиф зиёд қаҳр карданро ситорагон тавсия намедиҳанд. Ба зодагони ин бурҷ ин ҳафта хос меояд. Табассум кунед, даромади пулӣ Шуморо интизор аст.

Асад (23 июл-22 август)

Дер боз нафаре аз Шумо хафа шуда аст, вале инро ба Шумо нишон намедиҳад. Барои ёфтани дили он нафар ба ёд биёред, ки ҳафтаи гузашта бо ки муноқиша карда будед. Саломатӣ неъмати бебаҳост барои ҳамин дар ин рӯзҳои салқин ба тарзи либоспӯшии худ аҳамият диҳед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Масъалаҳои муҳими рӯзи гузаштаро агар имрӯз ҳалу фасл нанамоед, фардо дер хоҳад шуд. Барои ба даст овардани дили маъшуқаатоон кӯшиш кунед, зеро дил як борр мешиканад. Дар бораи муносибати Шумо бо дӯстдоштаатон ба ҳеҷ кас нагӯед, зеро решаи ҳамаи ҷудоиҳо ҳамин аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз Шумо хеле асабонӣ мешавед, вале худро ба даст гиред, зеро ҳар боре ки Шумо асабонӣ мешавед, як нафарро меранҷонед. Барои зиёд шудани даромади пулӣ Шуморо мебояд зиёдтар кор кунед. Аз бонк қарз нагиред, зеро даромади Шумо барои пардохти пули бонк кифоя нест.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ҳаёти Шумо то ҳол ягон нафаре пайдо нашудааст, ки ба дили Шумо мувофиқ бошад. Ситораҳо ин айбро ба Шумо нисбат медиҳанд, зеро дили нозуки Шумо имкон намедиҳад ба ӯ касе ворид шавад. Хабари баъди нисфирӯзӣ шунидаатон Шуморо хурсанд мекунад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Сӯҳбат бо нафарони наздик табъи Шуморо болида месозад. Шумо хеле одами басабр ҳастед ва инро одамони гирду атроф кам дарк мекунанд. Хабарҳои ҳафтаи гузашта то ҳол дар сари Шумо чарх мезананд. Онҳоро аз сар дур кунед ва чунин тасаввур кунед, ки ҳар рӯз аз сари нав таваллуд мешавед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Бо ҳамсаратон якҷоя баъзе масъалаҳои муҳимро ҳал кунед, ҳамсаратон дар асл сода метобад, вале ӯ хеле шахси доност.Дар пеши калонсолон доноӣ кардан ба онҳо намефорад, бинобар ҳамин аз калонсолон маслиҳат пурсида шарм надоред. Нафарҳои муҷаррадро имрӯз шиносоиҳои нав интизор аст.

Далв (21 январ-18 феврал)

Орзуҳои зиёд аз давраҳои кӯдакӣ дили Шуморо реш мекунад, аммо дар фикри ояндаи худ будан ва орзуҳои ҳавоӣ кардан ба инсон зарар дорад. Беҳуда нагуфтаанд: Қудрат ба тавоноӣ. Дар байни дӯстон Шумо фарқкунандаед. Ба хатогиҳои дигарон чашм напӯшед. Хабари баъди нисфирӯзӣ шунидаатон Шуморо ҳайрон мекунад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар баъзе суханони ба Шумо писанд наомада босабр бошед. Дар муносибат бо наздикон аз ранҷонидани онҳо худдорӣ кунед, зеро такягоҳи асосии Шумо онҳо ҳастанд. Барои ба мақсад расидан бояд шабу рӯз меҳнат кунед ва хоб камтар равед. Ба варзиш машғул шуда, хӯрокҳои серкалория истеъмол намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *