Ховалинг: Ҷавони ноболиғро раъду барқ зада кушт (видео)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки рӯзи 24-уми май як сокини 17-солаи деҳаи Тағидҷари ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон бар асари раъду барқ ҳангоми чаронидани чорво дар чорогоҳ ба ҳалокат расидааст.
«Бо вуҷуди он ки қаблан КҲФ аз идомаи ҳавои ноустувор дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳушдор дода, аз ҷумла тавсия дода буд, ки аз чаронидани чорво дар чарогоҳҳо дар доманакуҳҳо ва чарогоҳҳои куҳӣ даст кашанд, мардум гӯш намекунанд, ки мутаассифона, боиси чунин фоҷиа мегардад»,- қайд карда шуд дар кумита.
Дар робита ба ин, КҲФ бори дигар аз аҳолӣ даъват мекунад, ки аз сафар, сайругашт дар манотиқи хатарнок, шикор, моҳидорӣ, ҷамъоварии гиёҳҳо дар манотиқи куҳӣ, чарогоҳ худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.
Вазорат ҳамчунин хабар додааст, ки ҳавои ноустувор ва боришот дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон, аз ҷумла дар ноҳияҳои Ваҳдат, Ёвон, Рашт ва Файзобод боиси омадани сел ва фаромадани ярч шудааст.
Ба гуфтаи сардори Раёсати КҲФ дар ноҳияи Файзобод, шоми 24-уми май дар деҳаи Чилчашмаи ин ноҳия бар асари бориши борон ва жола ярч фаромадааст. Дар натича зиёда аз 30 cap чорвои калон талаф ёфтааст.
Ҳамчунин, чанд рӯз пеш хадамоти зидди жолаи Кумита бо 25 адад тӯпҳои зидди жолаи навъи “Алазан” тӯдаҳои хатарноки раъду барқ дар шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат, ва Данғараро безарар кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ