Хуҷанд: Ҷамолиддин Абдуллозода собиқадорони соҳаи тандурустиро аёдат кард (аудио)
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба манзили якчанд нафар собиқадори меҳнат рафта, онҳоро аёдат намуда, маводи ғизоӣ ва кумакҳои молӣ намуданд.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, Ҷамолиддин Абдуллозода ҳангоми дидорбинӣ бо собиқадорони соҳаи тандурустӣ Барно Ахмедова, Фарҳод Юсупов, Марҳамат Сайдуллоева, Набиҷон Раупов, Муҳаббат Абдуҳалимова, Ирина Саприкина ва дигарон аз ҳолу аҳвол ва зиндагии эшон пурсон шуда, роҷеъ ба раванди корҳои бунёдкориву созандагӣ ва рушди соҳаи тандурустӣ дар қаламрави мамлакат, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд маълумот додааст. Таъкид гардидааст, ки мардум ба шарофати сулҳу амният ва осоиштагӣ бо меҳнати суботкорона дар пешрафти давлату мамлакат саҳмгузорӣ намуда истодаанд.
— Зикр гардид, ки хизмати собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва омода ҳастанд, ки мушкилоту дархости онҳоро ҳаллу баррасӣ намоянд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ