Худкардаро даво нест! Бо ҷурми гуноҳ ӯро аз Русия меронанд
Додгоҳи ноҳияи Замоскворетскийи шаҳри Маскав рӯзи 1 октябр шаҳрванди Тоҷикистон Руслан Бобиевро, ки дар пайи нашри акси имитатсияи алоқаи ҷинсии даҳонӣ дар назди калисои Василий Блаженний дар маркази пойтахти Русия ба таҳқири эътиқоди диндорон айбдор мешуд, 5 ҳазор ҷарима баста, ба 10 рӯзи ҳабси маъмурӣ ва ихроҷ аз Русия маҳкум кард.
Аммо ин ҳанӯз поёни кор нест, чунки ба зидди Бобиев метавонанд бар асоси моддаи 148 бо иттиҳоми таҳқиқи эҳсосоти динии мардум парвандаи ҷиноятӣ низ бикушоянд.
Анастасия Чистова, ки низ дар он фотосессияи иғвобарангез иштирок карда буд, ҳамчунин бо иттиҳоми саркашӣ аз иҷрои амри қонунии корманди пулис бар асоси қисми якуми моддаи 19.3 Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Русия ба 10 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд.
Худи Руслан Бобиев қаблан дар як видео, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ паҳн карданд, барои рафтораш: ҳам барои аксгирӣ дар назди калисо ва ҳам барои ба он духтар пӯшондани либоси пулис узр пурсид ва хоҳиш кард, ки ӯро ба Тоҷикистон депортатсия кунанд.Маълум нест, ки ин узрхоҳиии Руслан Бобиев дар чӣ шароите сабт шудааст. Ӯ дар сабтҳо хеле бо ҳаяҷон ва бо садои зоҳиран тарсолуд ҳарф мезад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ