Худкушии хонандаи мактаб дар Деваштич

Як хонандаи мактаб дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд дар рӯзи аввали соли хониш худкушӣ кардааст.

Даврон Зикриллоев, мудири шуъбаи маорифи ноҳия хабар медиҳад, ки Ҷ. Ҳ. дар рӯзи аввали соли хониш дар хонаи худ худро ба дор кашидааст.

“Ӯ дар синфи 9-и яке аз мактабҳои ноҳия таҳсил дошт ва пештар ҳуҷҷатҳояшро барои идомаи таҳсил ба яке аз гимназияҳо супорида буд. Мехост илмҳои дақиқро хубтар аз худ карда, ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил шавад”,- гуфт манбаъ.

Сабаби худкушии ин хонандаи мактаб таҳқиқ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *