Худо ба нафақа (на) расонад…

Дар ҷавонӣ орзу мекунанд, ки зудтар ба нафақа бароянд. Муйсафедон ҳам чунин дуо медиҳанд: писарам (духтарам), илоҳӣ ба пирӣ расӣ, 100 сол умри бобаракат бинӣ. Вале имрӯз ба нафақагирон менигарӣ, мегуӣ, ки ҳеҷ гоҳ пир ҳам нашаваму ба нафақа ҳам нарасам…

Имрӯз нафақагирон аз назари роҳбарону мансабдорон, идораю ташкилотҳое, ки дар он ҷой мӯйи сар сафед кардаанд, дур мондаанд, онҳоро касе суроғ намекунад. Рӯзҳои иду ҷашнҳо онҳоро даъват наменамоянд. Аз ин табибу омӯзгору санъткор, судяву прокурор, милисаи собиқадор озурдахотир мешаванд.

Дар аксар шаҳру навоҳӣ шуроҳои собиқадорони меҳнат ба масали «Хоҷа боғ дорӣ? Дорам!» фаъолият доранд. Агар ҳамон раисони шаҳру навоҳӣ, муовинонашон, вазирону кабирон фардо ба муроди пирӣ расанду касе онҳоро суроғ накунад, аз дилашон чӣ мегузаронида бошанд?

Нурулло ҲАСАНОВ, рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *