Худсӯзӣ дар назди бинои амнияти миллӣ
Сокини 42-солаи ноҳияи Шерободи вилояти Сурхандарё Шербой Раҳимов шаби ҷумъаи ҳафтаи равон худро дар рӯбарӯи Шӯъбаи хадамоти амнияти миллии Узбекистон оташ задааст.
Кормандони Шӯъбаикорҳои дохилии минтақа гуфтаанд, ӯ аз нигоҳи равонӣ мушкил доштааст. Аммо ба қавли наздикони Шербой Раҳимов , вай ба таъқиби кормандони Хадамоти амнияти миллии ноҳияи Шеробод тоб наовард: «Аз хурдӣ маъюби гуруҳи дуюм мебошад, чашмонаш хира ҳастанд. Се фарзандашро аз ҳисоби нафақаи маъюбиаш мехӯронд. Ҳамсараш дар роҳи Термиз об ва донаи офтобпараст мефурӯшад, то зиндагиро таъмин созад. Шербой аз моҳи май ба ин сӯ хавф дошт, ки берун барояд. Ӯ ҳамеша мегуфт, ки кормандони Хадамоти амнияти миллӣ ба дунболи ман ҳастанд».
Табибон гуфтаанд, 65 дарсади бадани Раҳимов сӯхтааст. Ба қавли шоҳидони ҳодиса, танҳо баъди як соати ҳодиса мошини ёрии таъҷилӣ ӯро ба беморхонаи марказии ноҳия бурдааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ