Хурмо ва вижагиҳои тиббии он

Дар сайёраи замин тақрибан 200 намуди хурмо вуҷуд дорад. Аз ин шумора дар минтақаи мо танҳо се намуди хурмо парвариш карда мешавад:

— Хурмои “қафқозӣ”, худрӯйи ёбоӣ буда, ҳаҷми мевааш то 2 см аст. Дар сурати парвариши хуби ин намуди хурмо метавон аз ҳар бехи он то 70 кг самара ба даст овард.  

— Хурмои “виргинӣ”, ҳаҷми мевааш 2-5 см буда, вазни ҳар донааш 25-30 грамро ташкил медиҳад. Аз ҳар бехаш то 300 кг ҳосил меғундоранд.

— Хурмои “ҷанубӣ”. Ин намуди хурмо нисбат ба дигар хурмоҳое, ки дар муҳити зисти мо мерӯянд, ҳаҷми бузургтар дошта, шакли дарозрӯя дорад. Ранги хурмои ҷанубӣ зард ва сурхи норинҷӣ аст. Мевааш то 8 см ҳаҷм дошта, вазни он 50-100 грамро ташкил медиҳад.

Дар таркиби хурмои ҷанубӣ витаминҳои фаровоне, ки барои нерумандӣ ва кору фаъолияти инсон зарур аст, мавҷуданд: гликозидҳо, флавоноидҳо, тезобҳои органикӣ, магний, оҳан, манган, мис ва сурб.

Дар якчанд минтақаҳои Ҷумҳурии мардумии Чин аз давраҳои қадим рӯидану парвариши хеле зиёди хурмои “ҷанубӣ” ба мушоҳида мерасад. Бинобар ин, ватани хурмои ҷанубиро Чин гӯем ҳам, хато намекунем. Меваи хурмои ҷанубӣ ҷисман сахт буда, барои аз як минтақа ба минтақаи дигар расонидан тобовар мебошад.

Дар риштаи тиб хурморо ҳамчун меваи парҳезию қувватбахш барои одамони лоғар ва одамони гирифтори бемории камхунӣ тавсия медиҳанд.

Истеъмоли доимии хурмо барои одамони гирифтори бемории дарунравии ғайрисироятӣ манфиатовар буда, ба одамони гирифтори бемориҳои меъдаву рӯда барои истеъмол дар ҳоли гуруснагӣ тавсия дода мешавад.

Шахсони гирифтори бемории диабети қанд ва пиронсолони қабзиятдошта аз истеъмоли барзиёди меваи хурмо бояд худдорӣ намоянд!

Хурморо якҷо бо шир ва оби хунук истеъмол кардан мумкин нест.

Имрӯз дар фурӯшгоҳу бозорҳои Тоҷикистон ин намудҳои хурмо барои истеъмол ба мардум пешниҳод шудааст. Дар сурати огоҳии мардум аз хусусиятҳои тиббии хурмо ва истеъмоли дурусти он мувофиқи тавсияи табибон барои организми инсон муфид аст.

Султонмурод ИСЛОМОВ,

духтури тиби оилавии Маркази саломатии деҳаи Равоти шаҳри Панҷакент

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *