Хуршед Ҷабборзода дастгир шуд
Мақомоти интизомии Тоҷикистон Хуршед Ҷабборзода, як мақоми баландпояи Додситонии куллро боздошт кардаанд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, ӯ ду ҳафтаи пеш аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дастгир шудааст.
Хуршед Ҷабборзода то замони боздошт муовини сардори Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурии Додситонии кул будааст.
Бино ба иттилои рассонаҳо Ҷабборзода ду соли пеш аз Оҷонсии зиддифасод барои кор ба Додситонии кул омада буд. Ӯ бар асоси шоҳидии кормандони собиқи ин Оҷонсӣ, ки ҳоло дар боздошт қарор доранд, дастгир шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ