«Хуршеди генерал» ва героин ба 6 миллион доллар
Тавре манбаъҳои ғайрирасмӣ иттилоъ додаанд, тақрибан ду ҳафта пеш чанд сокини ноҳияҳои бо Афғонистон ҳаммарзи Фархор ва Ҳамадонӣ бо раҳбарии Хуршед, маъруф бо лақаби “Хуршеди Генерал”, бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир дастгир карда шуданд. Дар байни боздоштшудаҳо як афсари баландпояи милиса – муовини сардори ШВКД ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Неъматулло Маҳмудов низ будааст. Ҳангоми боздошт аз ин гуруҳи қочоқбар беш аз 30 кило ҳероин ёфт ва мусодира кардаанд. Тафсилоти дигари ин боздоштҳо дастрас нест.
“Хуршеди Генерал” як сокини ноҳияи Фархор аст, ки расман дар ягон ҷо кор намекард ва ягон мақоми расмӣ надошт, вале гуфта мешавад, дар ин минтақа аз нуфузи муайяне бархӯрдор буд. Неъматулло Маҳмудов бародари полковник Шамсулло Маҳмудзода, як афсари собиқадор ва баландпояи милисаи Тоҷикистон аст, ки солҳои зиёд сардори шуъбаҳои милисаи шаҳрҳои Исфара ва Истаравшани вилояти Суғд буд ва аз онҷо ба роҳбарии шуъбаи милисаи ноҳияи Панҷ фиристода шуд.
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ахиран аз мусодираи 500 кило маводи мухаддир аз як гуруҳи қочобар хабар дод, ки дар 30 соли истиқлоли Тоҷикистон чунин натиҷаи корӣ бесобиқа ва рекордӣ дониста мешавад. Ин миқдори мусодирашудаи маводи мухаддир дар бозори сиёҳ наздики 6 миллион доллар арзиш доштаст. Дар натиҷаи амалиёти вижа 6 узви ин мафияи нашъаҷаллоб, аз ҷумла роҳбарашро дастгир карданд.
Яке аз наркобаронҳо муаллими мактаб будааст. Милитсияи Душанбе гуфт, ин мафияи нашъаҷаллоб маводи мухаддирро аз Афғонистон ба Тоҷикистон оварда, аз ин ҷо то ба кишварҳои Аврупо қочоқ мекард. Танҳо молу мулки ҳабсшудаи раҳбари ин гуруҳ Азизулло Абдуллоев, маъруф ба “Азизи домсоз” беш аз 18 миллион сомонӣ будаааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ