Хушхабар: насби хати нави оби нӯшокӣ дар маркази шаҳраки Ҳисор
Имрӯз, 26-уми июл раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар доираи сафари корӣ ба ҷамоати шаҳраки Ҳисор хати нави оби нӯшокиро мавриди истифода қарор дод.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Ҳисор, сокинони беш аз 2000-нафараи маҳаллаҳои Боқӣ Раҳимзода, Камоли Хуҷандии шаҳраки Ҳисор, ки дар 400 хоҷагӣ муттаҳид шудаанд, муддатҳои зиёд танқисии об мекашиданд. “Баъзан рӯзҳову ҳафтаҳо биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ аз сабаби нокифоя будани фишори зарурӣ дар хатҳои об ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоштанд ва ин мушкилот боиси шикояти рӯзафзуни сокинони маҳаллаҳои номбурда ба мақомот ва идораҳои дахлдор гардида буд”,- меафзояд манбаъ.
— Бо ташаббуси шаҳрдорӣ барои кашидани хати оби нӯшокӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 75 ҳазор сомонӣ ва минтақаи истеҳсолӣ, техникии обтақсимкунӣ ва канализатсия дар шаҳр 30 ҳазор сомонӣ маблағҳои заруриро ҷудо намуда, дар муддати кӯтоҳ корҳои насбу васли таҷҳизот ва қубурҳоро ба анҷом расониданд,- мегӯяд сардори идораи обу канализатсия Гиёзода Аъзам.
Гуфта мешавад, ки ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи хати нави обрасонӣ раиси шаҳр Қосим Роҳбар бо раисони маҳалла, фаъолон ва намояндагон аз маҳаллаҳои Боқӣ Раҳимзода ва Камоли Хуҷандӣ вохӯрӣ карда, дар бораи нақшаҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, рафти корҳои ободонӣ дар шаҳрак суҳбат намудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ