Хусусигардонии корхона: Кӣ манфиатдор: давлат ё мансабдор?
Давоми солҳои 2016-2017 чандин корхонаҳои азими давлатии Тоҷикистон хусусӣ мешаванд. Ширкати “Барқи Тоҷик”, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, ширкати ҳавопаймоии “ТоҷикЭйр”, “Тоҷиктелеком”, “Телерадиоком”, “Тоҷикхимпром” аз зумраи ин корхонаҳоянд.
Масъулини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мегӯянд, ки бахшҳои таъминоти газ, хизматрасонии барқ, Фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбеву Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб низ ба барномаи хусусигардонӣ ворид карда шудаанд. Корхонаҳои номбурда натанҳо хусусӣ карда мешаванд, балки сохторҳои идории онҳо низ тағйир хоҳанд ёфт. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки мақсади хусусӣ гардонидани ин корхонаҳо чист? Оё бо роҳи хусусӣ кардан сатҳи хизматрасонӣ ба мардум беҳтар мешавад ё бадтар? Орзу Аҳмадзода, сардори раёсати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ҳадафи асосии хусусӣ кардани корхонаву ширкатҳоро рушди моликияти хусусӣ дар Тоҷикистон медонад. “Дар марҳилаи гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ роҳ барои рушди моликияти хусусӣ бештар боз мешавад ва ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меояд. Хусусигардонӣ дар чаҳорчӯбаи барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ анҷом меёбад”- гуфт номбурда. Дар Тоҷикистон иншоот ва корхонаҳое ҳам ҳастанд, ки тибқи барномаҳои давлатӣ онҳоро ба гурӯҳи иншоот ё корхонаҳои стратегӣ дохил кардаанд ва хусусӣ кардани онҳо мумкин нест. Ба он НБО-и Норак, НБО-и Роғун, ширкати ТАЛКО ва корхонаи “Тоҷиктилло” дохил шудаанд.
Коршиносони масоили иқтисодӣ дар шароити имрӯза, ки мавҷи буҳрони молиявӣ ҷаҳонро ҳар лаҳза пахш мекунад, тасмими хусусӣ гардонидани корхонаҳои хурду азими Тоҷикистонро ба манфиати мардуму давлат медонанд. Аммо ба шарте, ки ин корхонаҳоро соҳибкорон самаранок ба хотири рушди бизнеси худ ва дар ин замина пешрафти иқтисоди кишвар истифода баранд. Зеро баъди ҷанги дохилии шаҳрвандӣ чанде аз корхонаҳои муҳими саноатӣ аз кор монданд, аз ҷумла Заводи яхдонбарорӣ, истеҳсоли маҳсулоти оҳану бетон (ЖБК), афшураи шарбату меваҳо ва заводҳои шароббарорӣ дар қисмати шимоли кишвар худсарона гирифта шуданд. Замин ва бинои ин корхонаҳо валангор гардида, ба шахсони алоҳида фурӯхта шуданд, ки онҳо низ ин корхонаҳоро боз ҳам майдатар карда фурӯхтанд. Чунин кор пеш аз ҳама, дар совхозҳои собиқ амалӣ гардид.
Георгий Кошлаков, коршиноси иқтисодӣ мегӯяд, ки “аз нуқтаи назари ман ин тасмими дуруст аст. Ин, албатта, ба он маънӣ нест, ки дар як рӯз онро бигириву фурӯшӣ. Бояд барномаҳои хусусигардониро таҳия кард. Намешавад ҳама вақт домони давлату ҳукуматро гирифт. Бояд ғайридавлатӣ кардани корхонаҳо идома ёбанд. Ҳоло тамоми дунё дар шароити иқтисоди бозорӣ зиндагӣ мекунад ва мо интихоби дигар надорем». Ду сол мешавад, ки дар ширкати «Барқи тоҷик» дигаркунии сохторӣ идома дорад, аммо он дар ботлоқи қарз ғутта задааст. Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳар лаҳза аз гиребони ширкат мегирад, ки қарзро пардохт намояд. Аз рӯйи маълумоти Кумитаи андози Тоҷикистон барои семоҳаи аввали соли 2016 қарзи ширкати «Барқи тоҷик» 184,9 млн. сомониро ташкил додааст. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлати Тоҷикистон ҳам дар як нишасти хабарӣ ҳам гуфт, ки агар ширкати “Барқи тоҷик”, ки давлатӣ асту қарзаш зиёд, дар сурати ҳал нашудани ин мушкилот он ба фурӯш гузошта мешавад. Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи Тоҷик” вобаста ба вокуниши раиси Кумитаи сармоягузорӣ дар суҳбат ба «Тоҷикистон” гуфт, ки дар бораи ба фурўш мондани Ширкати “Барқи Тоҷик” ягон асос ва пешниҳод баррасӣ нагардидааст.
Муфассал дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ