Хусусиятҳои шифоии равғани зард
Равғани зард ё равғани ҳайвонот навъи равғане мебошад, ки онро аз таркиби равғани шири гов, гӯсфанд ва буз пас аз гарму гудохта кардан ба даст меоранд.
Муҳимтарин хусусияти равғани зард он аст, ки он масунияти баданро мустаҳкам намуда, эҳтимоли гирифтор шудан ба сироятҳои гуногуни вирусиро коҳиш медиҳад. Ҳамзамон он давои хуб барои рафъи сӯхтагӣ, доғ ва илтиҳоби пӯст мебошад.
Ҳангоми коркард ҳама моддаҳои зараровар дар равған ҳал мешаванд ва танҳо моддаҳои фоиданок боқӣ мемонанд. Ба гуфтаи мутахассисон, равған дорои витаминҳои В, инчунин A, E, D, PP мебошад. Ин маҳсулотро ба шир андохта, нӯшидан хуб аст. Ин нӯшокӣ роҳҳои нафасро мулоим намуда, барои рафъи сулфа кумак менамояд.
Равғани зард аз ҷиҳати хусусияти давоӣ аз маска қавитар мебошад. Агар онро бихӯранд ва гузошта банданд, варамҳоро хуб мекунад ва гиреҳҳои баданро мекушояд.
Ба гуфтаи мутахассисон, миқдори як бор хӯрдан аз равғани зард дар як рӯз то 50 грамм аст. Қуввати поксозандагӣ ва таҳлилдиҳандагӣ дар равғани зарди куҳна назар ба равғани нави он зиёдтар аст.
Агар ин равғанро ҳафт шаб пай дар пай ба рухсора молида бихобанд, пӯсти рӯйро пок, некӯ ва соф мегардонад, инчунин маскаро ҳам бо чунин усул бимоланд, ҳамин гуна фоида дорад.
Тавре мутахассисони соҳаи тиб иброз медоранд, онҳое, ки бо холестерини зиёд дар бадан мушкилӣ доранд, бояд донанд, ки равғани зард нисбат ба маска намунаи солимтар маҳсуб мешавад. Зеро дар равғани зард нисбат ба маска равғаннокӣ камтар аст, ба ин хотир он дар бадан хубтар ҳазм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ