Исмоили Мухаммадзоир

Иқдоми Исмоили Маҳмадзоир баъд аз мақоми нав

Президенти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир дар доираи сафари корӣ ба Аврупо чанд созишнома ба имзо расонидааст.

Тибқи Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, яке аз ин созишномаҳо, дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон аввали моҳи январи соли 2023 барои тамрин ба шаҳри Венаи Австрия сафар мекунад.

Гуфта мешавад, ки барои тамринҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистон президенти Федератсияи дзюдо  барои соли 2023 ва солҳои оянда мураббиёни ботаҷрибаи  ҷопониро ҷалб кардааст. Ҳадаф аз ин иқдом дзюдочёни мамлакат дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ нишондиҳандаҳои хуб ба даст оварда, барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии 2024 холҳои зарурӣ ҷамъ оваранд.

Исмоили Маҳмадзоир гуфтааст, ки барои рушди дзюдо дар мамлакат, дастгирии варзишгарон ва баланд бардоштани нуфузи  варзишии кишвар  тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар пойтахти Тоҷикистон соли оянда бори аввал дар таърих мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ Гран-при оид ба дзюдо, ки дар он қариб 300 нафар варзишгарон аз зиёда аз 30 кишвар барои дарёфти имтиёзҳои олимпӣ мубориза мебаранд, баргузор мегардад.

Мусобиқа таҳти унвони «Grand Prix Dushanbe-2023» 2 июни соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *