Иҷораи китоб ҳам ғайринақдӣ мешавад
Шуруъ аз 1-уми август дар тамоми мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе пардохти маблағи китобҳои дарсӣ аз тарафи падару модарон ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми кишвар хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар доираи татбиқ ва иҷрои пардохти ғайринақдии тамоми хизматрасонии пулакии соҳаи маориф “Амонатбонк”, “Шаҳри ҳушманд” (Smart city), “Имон Интернешнл”, “Бонки байналмилалии Тоҷикистон”, ТАҚҲ “Ҳумо”, “Душанбе сити Бонк”, “Бонки Эсхата” ва “Тавҳидбонк” замимаву барномаҳои худро пешниҳод намудаанд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 22-юми июни соли 2023 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” шуруъ аз 1-уми август тамоми пардохтҳои ҳатмии давлатӣ дар Тоҷикистон танҳо дар шакли ғайринақдӣ сурат мегирад.
Ин маънои онро дорад, ки пардохти ҳақи хидматрасонии коммуналӣ, тамоми андозҳо, боҷи давлатӣ барои додани иҷозатнома ва литсензия, ҷарима ва дигар намудҳои хидматрасонии давлатӣ танҳо бо истифода аз кортҳои бонкӣ ё ҳамёнҳои мобилӣ сурат мегирад.
Ф. БОБОЕВА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ