Иблисе дар ниқоби одамӣ ё чигуна Ғанӣ Афғонистонро фурӯхт!

АШРАФ ҒАНӢ ДАР ДУБАЙ ДАР ҲУЗУРИ 50 НАФАР ҲАМҚАВМОНАШ БА ХИЁНАТҲОЯШ ИҚРОР ШУД!

ИҚТИБОС АЙНАН АЗ ЗАБОНИ АШРАФ ҒАНӢ! “Чун ҳама аз худ ҳастед, яъне афғону паштун, ман он чиро ки ба Шумо мегўям, таърих онро барои фарзандони мову Шумо ба хатти заррин хоҳад навишт. Хидмати бузурги ман, ки Шарқу Ғарбро ба ҳайрат андохтам ва кореро, ки ман кардам на Амонуллохон тавонист, на Довудхон на доктар Наҷиб! Ин аст, ки тамоми сарзаминро моҳирона ва оқилона аз Помир то Турғундӣ, аз Исломқалъа то Турхам, аз Нуристон то Кобулу Кандаҳору Ғанзию Бомиёну Урузгон, ба моликҳои аслиашон супурдам ва на бо дасти холӣ, бакли бо қулурдуҳо (дивизияҳо), салоҳу муҳимот, ва ин кори сода набуд!

Даври аввали раёсатҷумҳурӣ ҳам мехостам, аммо вақташ муяссар нашуд, даври дувум бо чанд ҳамфикри дигар, чун Муҳиб соҳиб, Фазлӣ соҳиб, Довудзай соҳиб, Стоникзай соҳиб ва ғайра ба ин натиҷа расидем, ки аз шарри Шимол — Рашид Дустум, тоҷик ва узбак ва ҳазора халос кунам, ки фақат як роҳ буд ва он ҳам ҳузури фотеҳу қотеи толибону бас! Ба ҳамин сабаб ба ҳуқумати муваққат тан надодам ва ҳукумати убуриро рад кардам.
Дар суҳбатҳои хос ба Халилзод ҳам фаҳмондам, ки иштибоҳи Боннро такрор накунем! Ў ҳам қабул кард ва аввал таарузи урдуро манъ кардам, дувум қатаъотро кучак сохта, ба нуқоти дастраси толиб савқ додам. Ва икмолоташонро заъиф сохтам, то ба толибон таслим шаванд ва толиб ҷуръат пайдо кунад!

Қумандонҳои вулусволиҳоро шахсан таъйин кардам, то ба номи ақабнишии токтикӣ ҷой холӣ кунанд, ки хеле хуб пеш рафту тамоми вулусволиҳои Шимолро аввал плон кардам!

Тавассути Стоникзай ба раҳбарии толибҳо нақша дода шуда буд. Ба ҳеҷ қитъа (низомиён) ҷуз ақабнишинӣ иҷозаи таарруз ва ҳатто мудофиа ҳам надодам.
Шимол то Вахон ки яктарафа шуд, навбати шаҳрҳо расид. Бояд баъзе тағйирот ва масруфсозии одамҳо ва шахсиятҳои муассирро шурўъ мекардам! Масалан, як панҷшериро вазири дифоъ сохтам (Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ), то Амруллоҳи Солеҳ масруф шавад.
Муҳаққиқро овардам, то ҳазораҳо масруф шаванд. Кодрҳои беэътиборро дур кардам, то одамҳоеро, ки ба фармонам буданд, муқаррар намудам. Дар вилоятҳо волиҳоро ҳам аз афроди хос ва бо аҳдофи хос муқаррар кардам. Моршол Дустумро хостам бо дасти холӣ ҳамроҳи муаллим Ато ба Шимол бифиристам, аммо ҳеҷ иҷоза надодам қаблан ҳатто як мармӣ (тир) ҳам ба Шибирғон бифиристанд, то суқут кунад. Моршолу Ато, ки ба Мазор расиданд, ба хотире ки кадом харобие нашавад ва ғофилгирашон кунанд, худам фавран ба Мазор рафтам ва як бачаи қаҳрамонро ба сифати қумандони қулурду таъйин кардам, ба номи Муманд Забеҳулло ва барояш гуфтам, ки номи Мумандро зинда кунед! Ва хусусӣ барояш ҳидояти лозим додам ва Ҷумъахон Ҳамдардро таҳдид кардаму гуфтам, ки вақти интиқом наздик аст, аммо аҷала накунӣ, ки харобӣ нашавад! Ба Исмоилхон чунон дом нишондам, ки мисли мўш дар тала афтод. Хулоса то суқути Кобул.

Шумо худ фикр кунед, агар ман амри ҷанг медодам, толиб дар муқобили кумандуҳо муқовимат наметавонист, чӣ расад ба қувваҳои ҳавоӣ ва қулурдуҳо!
Хулоса, вақте мутмаин шудам, ки қудрат гирифтани афроди Шимол маҳол шуда ва ҳама торумор шуда, фирор кардаанд, на Моршол мондаву на сохтор, зарурат ба интиқоли ҳукумати муваққат нест, ки боз муовинбозии тоҷику ҳазора шавад!
Соати 10 баҷа буд, ки ба Карзай соҳиб занг задаму гуфтам: Абдуллоҳ ва визири дифоъро масруф бисоз то дохил шудани толибҳо!

Холо шумо бигўед, ки ман қаҳрамони ояндаи Афғонистон ҳастам ё не?
Ман ин қаҳрамониро ба ҳама бадномиаш харидам, албатта барои шумо ҳамқавмонам!»
Ҳама 50 нафар сар ба сукуту хомўшӣ ниҳоданд!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *