Ифтитоҳи бинои нави факултети забон ва адабиёти рус дар ДДОТ
Имрӯз, 29 октябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави таълимии факултети забон ва адабиёти русро дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
“Бинои тозабунёди таълимӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ ба таври муосир сохта шуда, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таҳсилот мусоидат менамояд”,-иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Сарвари давлат.
Гуфта мешавад, ки иншооти таълимӣ аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, барои таҳсили зиёда аз 1 ҳазору 100 донишҷӯ дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Тибқи лоиҳа бино дорои 8 ҳуҷраи корӣ, 14 синфхонаи барҳавои таълимӣ, кабинети лингафонӣ бо 32 ҷойи нишаст, маркази қабули имтиҳонҳо барои 120 нафар, толори фарҳангӣ бо 700 ҷой, осорхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Толори фарҳангӣ бо имконоти васеи баргузорсозии чорабиниҳои илмию оммавӣ ва фарҳангӣ – фароғатӣ, гӯшаи табиати Тоҷикистон, осорхона бо фарогирии 3 давраи таърихӣ, аз ҷумла таърихи қадимаи тоҷикон, даврони қабл аз соҳибистиқлолӣ, замони Истиқлоли давлатӣ ва таърихи фаъолияти донишгоҳи мазкур дар ошёнаи якум ҷойгир шудааст.
Синфхонаҳои таълимии барҳаво, ки дорои шароити хуби донишомӯзӣ мебошанд, дар ошёнаҳои болоии бино ҷойгир аст.
Гуфта мешавад, ки дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ мутахассисони забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ, забон ва адабиёти рус – забони англисӣ ва забони муосири рус – тарҷумон дар сатҳи баланди касбӣ омода карда мешаванд, зеро ҳадафи аслии таъсиси ин бинои таълимӣ амалишавии “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ барои давраи то соли 2030” ба шумор меравад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ