Ифтитоҳи лагери тобистона дар Чашмасори Файзобод
Имрӯз бо иштироки раиси ноҳияи Файзобод Бобишо Холзода, сардори шуъбаи милитсия дар ноҳия Маҳмадсафар Пирзода, мудири маорифи ноҳия Тағоймурод Ғуломов ва омӯзгорону мураббиён дар ҷамоати деҳоти Чашмасор лагери тобистонаи «Дурахшон» ифтитоҳ ёфт.
Бино ба иттилои МИҲД-и ноҳияи Файзобод, дар оғози кушодашавии лагери тобистонаи «Дурахшон» раиси ноҳия баромад намуда, истироҳаткунандагонро ба лагер хушомадед гуфт ва ба онҳо истироҳати хубу хотирмон таманно кард.
— Маврид ба зикр аст, ки дар басти аввал, шуруъ аз 29-уми июн то 6-уми июл беш аз 130 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ