Ифтитоҳи шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар Нуробод
Имрӯз, 11 сентябр бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод ифтитоҳ ёфт.
Зимни ифтитоҳи бинои мазкур Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамгардида шиносоӣ пайдо намуда, таъкид намуд, ки фаъолияти босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷомеа ҳаётан муҳим буда, муваффақияти кормандони соҳаи мазкур ба кордонӣ, донишҳои мукаммали зарурӣ, аз ҷумла сиёсӣ, оперативӣ ва фарҳанги баланди муносибат бо мардум вобастагии амиқ дорад.
“Ҳукумати кишвар дар солҳои Истиқлоли давлатӣ барои таъмини шароити фаъолияти хубу натиҷабахши кормандони милитсияи тоҷик корҳои зиёди босамарро анҷом додааст ва барои оромиву таъмини волоияти қонун ва осудагии шаҳрвандон сиёсати мазкур ҳамвора зери таваҷҷууҳи Президенти кишвар қарор дорад”,-иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Президенти мамлакат.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ